Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Обхои артезиани

Обхои артезиани

Обхои артезиани, обхои зеризаминиро гуянд, ки дар чукурихои гуногун байни кабатхои обногузар чамъ шудаанд. Обхои артезиани хамеша зери фишор буда, баробари кофтани пармачоххо аз кабати обнигахдор болотар мебароянд ва хангоми ба кадри кофи баланд будани фихор ба руи Замин мебароянд ва хатто фаввора мезананд. Калимая артезиан аз номи музофоти Артуаи Франсия (лотини Агtesium) гирифта шудааст, ки дар он чо (асри 12) аввалин бор дар Европа ин гуна чох кофта шуда, аз он об баромада буд. Вале ин гуна чоххо дар Хитою Миср аз замонхои кадим маълум буданд.

Дар худуди Точикистон Обхои артезиани асосан дар хамворихо, канори хамихои байникухи, водии дарёхо, конусхои селоварди дарёхои калонтарин ва шохобхои онхо вокеъ гаштааид. Обхои артезини харораташон баланд ва серминерал (инчунин обхои гидрогенсулфиддор), ки барои нушидан ва об­ёрии заминхо ба кор намерававд, дар табакаи чинсхои синнашон то давраи чорумин чамъ шуда, якчанд горизонтхоро ташкил медиханд.

Аз ин обхо ашёи хоми минерали (йод, бром ва гайра) гирифтан, онхоро барои гарм кардани бинохо, муоличаи бал- неологи истифода бурдан мумкин аст. Обхои ширин ва нисбатан ши­рини артезиани,, ки барои нушидан, обёрии заминхо ва эхтиёчоти хочагии халк мувофиканд, бо тахнишастхои давраи чорумин алокаманданд.

Онхо дар чукурихои гуногун вокеъ гардида, якчанд горизонтхои артезианиро дарбар мегиранд. Холо дар республика зиёда аз 1000 пармачохи Обхои артезиании ширин кофта шудааст, ки аз онхо барои аз оби нушоки таъмин кардани махалхои хурди ахолинишин, дар корхонахои саноати ба максадхои технологи ва дар чарогоххо барои об додани чорво истифода мебаранд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …