Нуричахонбегим Мехруннисо (1577, Кандадор — 1645, Лохур), шоираи форсизабони Хиндустон. Бо тахаллусхои «Нур ва «Махфи» шеър гуфтааст. Дар оилаи яке аз амалдорони Акбар Мирзо Гиёсуддин ба дунё омадааст. Зани фозилу донишманд ва сиёсатмадоре будааст. Хангоми хукмронии Акбар ба хокими Бангола — Шерафканхон ба шавхар дода шуд, лекин Чахонгир пас аз фавти Акбар ба сари хокимият омада шавхари Нуричахонбегимро кушта уро ба зани гирифт.
Дар дарбори Чахонгир Нуричахонбегим зимоми давлатдориро ба дасти худ даровард. Дар сиккахову мухрхои давлати номаш сабт гардида буд. Падару бародаронаш ба корхои мухимми давлати чалб гардиданд. Шеърхои Нуричахонбегим дар мавзуъхои ишку мухаббати поки инсони ва панду андарз гуфта шудаанд. Дар манбаъхои адаби, махсусан бадохатан шеър гуфтани Нуричахонбегим кайд гардидаст. Г инчунин дар мушоираву махфилхои адаби фаъолона иштирок мекард. Нуричахонбегим газалхои зиёде дорад, ки шоирону адибони Хиндустон онхоро тазмин кардаанд. Ин абьёт аз як газели уст:
Чу бардорам зи рух буркаъ, зи гул фарёд бархезад,
Занам бар зулф агар шона, зи сунбул дод бархезад.
Ба ин хусну чамоли худ чу дар гулшан гузар созак,
Зи чони булбулон шури муборакбод бархезад.