Маълумоти охирин

Нурато

Нурато, каторкухест дар вилоятхои Чиззах, Самарканд ва Навоии РСС Узбекистон, ки онро аз Нурато водии Зарафшон, аз Чануби водии Сангзор ва аз Шимоли биёбони Кизилкум ихота кардаанд. Нурато шохаи шимолии гарбии каторкухи Туркистон буда, аз ду каторкухи ба хам мутавози — Нуратои Шимоли ва Нуратои Чануби иборагг аст. Тулаш 170 км. Баландиаш ба хисоби миёна 1000—1500 м. Куллаи баландтаринаш — Заргар (2169 м). Кисми гарбии Нурато торафт паст шуда, ба биёбони Кармина пайваст мегардад.

Нурато аз охаксанг, регсанг ва чинсхои метадеорфии палео­зой таркиб ёфта, ба микдори зиёд чинсхои фишонда дорад. Дар Нурато чашмаю соёхои бисёре мавчуданд, ки аксари сойхо тобистон хушк ме­шаванд. Сойхои калонтаринаш: Каросу, Норвон, Тусин, Октеппа, Курук, Майдон ва гайра. Оби онхо ба во­дии Зарафшон чори мешавад.  Аз хайвонхо дар Нурато гург, бузи кухи, кабк вомехурад. Яке аз шохахои каторкуххи Нурато— Октог бо мармари хушсифати худ (кони Гозгон) машхур аст. Нураторо хамчун чарогохи тобистона истифода мебаранд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …