Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нуллификатсияи пул

Нуллификатсияи пул

Нуллификатсияи пул (аз лот. nullus — хеч ва lacio — карда истодаам), бекор кардани пулест, (ки курбаш якбора хеле паст шудааст. Сабаби асосии Нуллификатсияи пул инфлятсия мебо­шад. Агар хукумат нав шаваду пули хукуматп пештараро бекор кунад, ин хам Нуллификатсияи пул мешавад. Нуллификатсияи пул яке аз воситахои танзими муомилоти пул мебошад.

Баъзан девалвация хам сабаби Нуллификатсияи пул шуданаш мумкин, яъне дар ин сурат пули кухна, ки курбаш паст шудааст, бо пули нав иваз кар­да мешавад. Дар СССР дар давраи Чанги граждани ва интервенсияи хоричи тамоми пулхое, ки хокимиятхои гуногуни гвардиячиёни сафед бароварда буданд, бекор карда шу­даанд. Дар охири Чанги дуюми чахон (1930—1945) тамоми пулхое, ки фашистони немис дар мамлакатхои истилокардаашон бароварда буданд, низ нуллификатсия карда шуданд. Масалан, дар Ювон хангоми Нуллификатсияи пул 50 млрд дирхаме, ки немисхои фашист бароварда буданд, ба 1 дирхами нав иваз карда шуд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.