Нормаи хукук, коидаи рафтори чамъиятиест, ки аз тарафи давлат мукаррар шуда, барои хама хатми мебошад. Нормаи хукук чун тамоми хукук муносибатхои муайяни чамъиятири ба манфиати синфи хукмрон инкишоф медихад. Нормаи хукукро органхои ваколатдори давлати муукаррар менамоянд.
Нормаи хукук аз 3 кисм — гипотеза (муайян намудани шартхoe, ки чун дастур истифода шудаанд)диспозитсия (баёни ухдадорихои иштирокчиёни муносибатхои хукуки); с а н к с и я (зикри окибатхои вайрон кардани Нормаи хукук, ки сабаби ба чавобгари кашидани шахс мегарданд) иборат мебошад. Дар моддахои конуни чинояти Нормаи хукукро одатан ба ду таксим менамоянд; диспозитсия (нишонахои чиноят) ва санксия (чораи чазо).
Нормаи хукук инчунин аз руи эътибори хукуки (конун, указ ва гайра ) ва аз руи объекти танзими худ тавсиф карда мешаванд (ба хукуки давлати, граждани, молияви ва гайра). Нормаи хукук боз ба и м п е р а т и в и, ки аз коидахои катъи иборат буда, риояи онхо барои иштирокчиёни муносибатхои хукук хатмианд ва д и с п о з и т и в и, ки барои хукук ухдадорихои худро дар доираи мукаррарнамудан конун муайян кардани онхо имконият медихад, таксим мешавад.