Маълумоти охирин

Нон

Нон, яке аз таомхои маъмули инсон. Мувофики маълумоти археологи тахмин кардан мумкин аст, ки истеъмоли донахои растанихои хушадор хануз 10—15 хазор сол мукаддам cap шудааст. Дар ин давра кашф гардидани оташ ва дасгос, инчунин хамир барои дар руи санги тафсон ё дар оташ пухта истеъмол намудани Нон шароит фарохам овард. Дар Мисри Кадим зиёда аа 30 намуди нонро мепухтанд. Дар Байнаннахрайни Кадим ба Нон равган ва асал хамрох мекарданд. Минбаъд, бо кашфи хамиртуруш (хазораи 2 то мелод), оташдон, танур ва гайра усулхои нави тайёр кардани Нон такомул ёфт. Дар Юнони Кадим ва Рими Кадим мактабхои махсуси нонвойхо буданд. Нонхои аз орди гандум тайёр кардашуда дар таркиби худ 30—35% ,сафеда, 60—70% ангиштоб, витамвни В1, В2, РР, вамаки минерали, охан, калсий, фосфор ва моддахои дигар доранд.

Вобаста ба усулхои пухтан Нонхо танури, деги, тавоти, аз руи орд — Нони гандум, чав, арзан, чувори (загора), суманак, мушупг, омехта (омехтаи орди гандум, чав, нахуд) ва гайра мешаванд.

Дар байни халкхои Осиёи Миёна усулхои дар танур пухтани Нон аз даврахои кадим маъмул буд. Дар тули асрхо ин усул такомул ёфта, садхо намуди он кашф шуд. Нони тануриро эронихо, озарбойчонихо, афгонхо, арманихо, гурчихо, уйгурхо, кашмирихо, панчобихо, туркхо, булгорхо, арабхо, кисман юнонихо, халкхои Югославия низ мепазанд. Вобаста ба технологияи пухтанаш Нони оби, гичда, фатир (норасида, бехамиртуруш), ширмол ва гайра меша­вад.

Нони обиро асосан аз орди гандум мепазанд, ки хамири он сусттару заволааш хурдтар (то 200 г) мешавад.

Технологияи Нони гичда чунин аст: ба оби ширгарм орди гандум, хамиртуруш ва намакоб , андохта хамир мекунанд ва онро то ба карсон ва даст начаспидан мушт мезананд, баъд каме орд пошида, то расидан болояшро бо дастархон ё матои гафс мепушанд. Хамири гич­да бояд сахттар бошад. Баъди раси­дан онро завола гирифта ба танури тафсон часпонида ба руяш об мепошанд. Нони пухтаро бо остинча ё тоба канда гирифта боз ба руяш каме об мепошанд. Пухтани Нон 10—12 дакика давом мекунад.

Барои тайёр намудани фа тир ба оби ширгарм б шир орди гандум, намакоб, равган хамрох кар­да, хамир мекунанд.

Технологияи Нони ш и р м о л мураккаб буда, бо усули махсус пух­та мешавад. Ба оби нахуд каме орд пошида хамирпойгир тайёр мекунанд, ки он 5—6 соат меистад. Сипас онро ба сифати хамиртуруш истифода бурда, хамирро бо шир мемоланд.

Дар баъзе нохияхои чануби рес­публика хамирро дар кур мепазанд, ки тагиалови ё кумоч ном дорад. Дар маъракахо аз орди гандум Нонхои тунук ва чапоти (чавоти) ме­пазанд, ки хамири он каме суст ме­шавад. Дар тули асрхо баробари такмил ёфтани технологияи нонпази хелхои гуногуни Нон ба вучуд омаданд. Холо дар байни ахолии шахру дехоти Точикистон ва вилоятхои точикнишини РСС Узбекистон чунин намудхои Нонро мепазанд: дар водии Фаргона — Нони оби, хонаги, кулча, чаззадор (чазин), гушти, равгани, чапчап, кунчити, сиёхдонадор, фатири равгани, фатири кашкари, фатири туй, фатири пиёздор, кулчаи ширравган ва гайра, д а р в и лоятх о и С а м а рк а н д. Бухоро, Кашкадарё ва Сурхондарё — Нонхои оби, заргарон, хиндуги, тафтони, осиёги, ширмоли дучуфт, тафтони дубез,

пулоди, чазин, равгани, турфон, кулободи, забони гов, ширмоли сохта, ширмоли седонапайванд, салавг, давра, накшин, кунчитин, лаваш, давра, кашкари ва гайра; дар районхои чануби Точикистон—кумоч, чапоти, кулча, кулчаи калон, кулчаи арус, лочура ва гайра. Холо дар мамлакати мо зиёда аз 800 навъи Нон пухта мешавад. Дар республика баробари зиёд шудани микдори ахоли ва инкишофи корхонахои саноати эхтиёчот ба Нон афзуд. Бинобар он, нонвойхонахои нав ва заводхои Нон сохта шуданд, ки онхо ахолиро бо намудхои гувогуни Нон таъмин мекунанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …