Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Номзад ба аъзоии КПСС

Номзад ба аъзоии КПСС

Номзад ба аъзоии КПСС, мухлате, ки Устави КПСС барои дохил шудан ба партия мукаррар кардааст. Ин мухлат «барои ба хуби шиносо шудан бо Программа ва Устави  КПСС ва тайёри барои аъзоии пар­тия шудан лозим аст. Ташкилоти партияви бояд барои дохил шудан ба КПСС ба номзад кумак расонад ва сифатхои шахсии уро санчад (Ус­тави КПСС, 1970, 14). Тартиби номзадиро ба аъзоии партия Устави партия чори намуд, ки онро Конференсияи 8-уми умумироссиягии РКП (б) (1919) кабул кард.

Мухлати номзади ба аъзои КПСС барои коргарону дехконон на камтар аз 2 мох, барои бокимондагон на камтар аз б мох му­каррар шуда буд. Конференсияи 12-уми умумироссиягии РКП (б) (1922) се мухлати номзадиро ба аъзоии КПСС мукаррар намуд: барои коргарон ва аскарони сурх на камтар аз 6 мох барои дехконон ва хунармандоне, ки мехната дигаронро истисмор намекарданд, 1 сол; барон боци- мондагоп 2 сол. Съезди 14-уми ВКП(б) (1925) мухлати номзадиро ба аъзоии КПСС барои категорияи 2-юм на камтар аз 1 сол, барои категорияи 3-юм на камтар аэ 2 сол муайян намуд. Съезди 17-уми ВКП(б) (1934) мухлати номзадиро барои коргарони саноат, ки на камтар аз 5 сол стажи кори доштаанд, 1 сол, барои хамаи категорияхои дигар мухлати 2-сола мукаррар кард. Съёзди 18-уми ВКП (б) (1939) тагйироти куллии таркиби синфии ахолии мамлакатро ба хисоб ги­рифта, ба категория; чудо намуданро бекор кард ва мухлати ягонаи 1 солаи номзадиро ба аъзоии КПСС мукаррар намуд.

Тартиби кабул ба номзади монанди ба аъзоии партия кабул кардан аст. Вазифахои номзадхо ба аъзоии партия мисли вазифахои аъзоёни партия буда, вале дар мачлисхои партияви хукуки овози машварати доранд ва ба хайати органхои партпияви интихоб намешаванд. Дар муддати номзади онхо супоришхои партиявиро ичро мекунанд ва ба корхои партияви чалб карда мешаванд. Баъди тамом шудани мухлати номзади ташкилоти ибтидоии партияви масъалаи ба аъзоии партия кабул кардани номзадхоро дида мебарояд ва хал мекунад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.