Маълумоти охирин
Главная / Илм / Номография

Номография

Номография (аз юн. nomos—конун ва …графия), фасли математика аст, ки назария ва усулхои амалии сохтани номограммахоро меомузад.

Хусусияти номограмма аз он иборат аст, ки хар як накша сохаи додашудаи дигаргуншавии тагйирёбандаро ифода мекунад ва хар як кимати тагйирёбандахо дар он соха дар но­мограмма бо элементи геометрии муайян (нукта ё хат) тасвир мешавад; тасвири киматхои тагйирёбандахое, ки ба хам вобастагии функсионали доранд, дар номограмма аз руи мувофикати барои як навъи номограм­махо (масалан, номограммаи тури, номограммаи транспаранти) умуми муайян карда мешавад.

Дар расм мисоли номограммае оварда шудааст,.ки ба­рои аз руи киматхои додашудаи хак (тег) а ва  хисоб намудаии ау (яке аз кунчхои мукаррар кардани хаки дастгохи металлбури) хизмат меку­над. Вобастагии байни ин бузургихо аз руи формулаи

муайян карда мешавад  номограмма аз се шкала иборат аст: шкалаи кунчхои ау, шкалаи кунчхои а ва шкалаи кунчхои ф. Нуктахои хар як шкала тасвири киматхои тагйирёбандаи мувофик мебошанд. Номограмма тавре сохта шудааст, ки ифодакунандаи се нуктаи киматхои ау, а ва  хамеша дар як хати рост мехобад. Аз ин чо бевосита усули хисобкуни аз руи номограм­ма бармеояд: барон хисоб кардани аy, дар шкалахои а ва  нуктахои ба киматхои додашудаи а ва  мувофикро ёфтан ва аз ин ду нукта хати рост гузарондан лозим. Ин хати рост дар шкалаи ау аз нуктае мегузарад, ки ба кимати матлуби ау мувофик меояд. Дар номограммаи овардашуда хати рости пунктирии нуктахои ба киматхои а = 7,5° ва  = 4° мувофики шкалахои а ва  -ро ба хам мепайвандад. Аз руи номограмма аён аст, ки ау = 62 °.

Номограммахо аз руи усули тасвири тагйирёбандахо ва тарзи додашудани мувофикати онхо аз хам фарк мекунанд.

Ад.: Глаголев Н. А.. Курс номо­графии, 2 изд., М., 1961.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …