Номинал (лот. nominalis — номдор, аз nomen — ном), 1) арзиши нишондодашуда, ки дар когазхои киматнок (аксияхо, облигатсияхо ва гайра), пули когази ва танга ифода ёфтааст. Курби когазхои киматнок ба Номинал на хама вакт мувофик мешавад; 2) нархи нишоп дода шудаи мол, ки дар прейскурант ё худи мол ифода ёфтааст; 3) Номинали китоб нархи чаканафуруши, ки дар китоб, нота ва махсулоти даврагии матбаа, инчунин дар харитахои географи ва гайра ифода ёфтааст. Дар СССР бузургии Номинал ба хачми пашрия, нархи чузъи чопи ва гайра вобаста аст. Махсулоти матбаа нархи ягонаи чакана дорад. Дар мамлакатхои капиталисти нархи чакана барои бештар фоида бардоштан хизмат мекунад.