Маълумоти охирин

Нок

Нок. Муруд, амруд, куммасро (Pyrus), чинси дарахти мевадорест аз оилаи настаранихо; меваи маъмул. Баландиаш 15-20 м. Танааш ашхабии тиратоб, чубаш зардча, каме гулоби ё сафед, навдаи яксола ва мугчааш сермуяк ё патдор, баргаш гуногуншакл (аз мудаввар то нештаршакл) ё нармонанди чок-чок, хушагулаш 6—20-гула, ранги гулаш са­фед ё каме гулобии 5 (баъзан 6— 10)-баргаш дучинса, гуракаш 2 — 5-палла (хар кадом 2-той тухммугча дорад). Шакл, ранг ва таъми мевааш хеле гуногун аст; вазнаш аз 25 то 300 г.

Дар дунё 60 ва дар СССР зиёда аз 30 намуди Нок меруяд. Дар Точикистон 7 намуди Нок месабзад. 4 намудаш худруй (муруди хирсак Р. regelii, анчирак ё шакинг — P. bucharica, каён — P. cajon ва мурудP. tadshikistanica ва 3 намудаш (Ноки мукаррари, шакармуруд — P. pyrifo- lia, турунч — P. ussuriensis) аз кадимулайём парвариш карда мешавад. Дар давоми солхои дуру дароз аз намудхои номбурда навъхои гуногуни амруду Ноки махалли (дилафузэ, гирдакмуруд, кампирмуруд, кулухмуруд, кулуланок, кабуднок, каён, пошпоти, олмуруд, сафедмуруд, сохибмуруд, туршмуруд, шохмуруд, фусайнимуруд, яхакмуруд, шурпок, ноки рарзи, ноки гарми, наимнок ва гайра)-ро руёндаанд. Холо дар бисёр давлатхои чахон ва СССР махсусан Ноки мукаррари маъмул аст.

Ноки мукаррари (P.communis) дарахтест баландиаш то 20 м. Бар­гаш мудаввар ё дарозруяи дандонадор, гулаш сап-сафед ё гулоби, хушагулаш 6—12-гула. Шакл ва андозаи мевааш гуногун аст.

Дар Юнони Кадим Нокро 2 хазор сол мукаддам парвариш мекарданд. Хо­ло дар дунё 900—950 хазор га нокзор буда, соле бештар аз 6 млн т (дар Европа зиёда аз 3,6 млн, дар Амери­ка кариб 1 млн т, дар Осиё зиёда аз 600 хазор т) хосил мегундоранд. Нохияхои асосии нокпарварин СССР:

Крам, Украина, Молдавия, Кавкаэн Шпмолй, Закавкааия, Белоруссия ва Осиёи Миёна. Бештар аз 250 хазор га нокзор (зиёда аз 20 млн бех) буда, дар хонагихои пешкадам 120—130 с/гa (ба хисоби миёна дар СССР 50 с/га) хосил мегундоранд. 5 хазор навъи Нок маълум аст. Зиёда аз 200 навъи онро дар СССР парвариш мекунанд. Аксари навъхои европоии Нокро аз намуди P. communis руёндаанд. Ва­ле барои руёндани ин навъхо намудхои дигари Нок (P. nivalis, Р. са- ucasica, P. ussuriensis) низ истифода шудаанд.

Аз навъхои европоии Нок дар шароити Точикистон «Любимица Клапп», «Бон Кретьен Вильямс», «Пайна», «Сеянец Киффера», «Бере Боек», «Лесная красавица», «Сен Жермен», «Кюре» «Оливье де Серр» хосили хуб медиханд. Аз Нок мураббо, шарбат, компот, мармелад, повидло, мокут, май ва гайра тайёр мекунанд. Нок меваи маъмул аст. Бештар барои тархури истифода мебаранд. Дар таркибаш 5—16% канд, то 1% чавхар, 3,51% пектин, 0,3%’ сафеда, витаминхои А, В, С, РР дорад.

Тасвир дар сах. 96—97.

Ад.: Косимов М., Навъхои махаллии муруду нокхо, Д., 1971; Флора Тад­жикской ССР, т. 4, Л., 1975; В е х о в В. Н., Губанов И. А., Лебедева Г. Ф., Культурные растения СССР, М., 1978.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.