Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Нохияи ШАХРТУЗ

Нохияи ШАХРТУЗ

 ШАХРТУЗ, район и маъмурист дар хайати вил. Кургонтеппаи РСС Точикстон. Санаи таъсисаш 29 авг. 1930. Масох. 2336,4 км2. Ахолиаш 55,5 хаз. наф. (1986). 5 С. к,, дорад: Комсомол, Пахтаобод, Сайёд, Шахртуз ва ба номи Чура Назаров. Марказаш птш. Шахртуз. Худуди район дар сохили рости поёноби д. Кофарнихон чой гирифтааст. Рельефаш аз куххои начандон баланд, адиру теппахо ва водихои каму беш хамвор иборат аст. Кисми зиёди худуди Шахртузро куххо (к-кухи Боботог — баландиаш то 2100 м, шохаи он Туюнтог— то 1314 м ва к. Ариктог — беш аз 800 м) фаро гирифтаанд. Дар байни Туюнтог ва Ариктог водии Бешкент (аз с. б. 400—-500 м баланд), дар канори чан. шаркии район водии хамвори Кофарнихони Поён ва дар сохили рости д. Аму водии Чортагал (аз с. б. 350— 400 м) вокеъ гаштаанд.

shahrtuz_district

Иклими Шахртуз. хушки субтропикист. Харор. миёнаи июль дар Айвач 31,9°С (баъзан то 46С), янв. 3С. Боришотн солона 143 мм, дар куххо то 200 мм. Дарьёи Кофарнихон кад-кадин capхади шарки ва д. Аму саросари сархади чанубии район чорист. Хоки куххо — хокистарранги тираю мукаррари, хоки теппаю адирхо ва кисми зиёди водихо хокистарранги равшан. Дар водии Бешкент заминхои шур, дар наздикии резишгохи д. Кофарнихон ва водии д. Аму регзорхо вомехуранд. Асосан растанихои биёбони ва нимбиёбони меруянд.

Асоси иктисодиёти районро хочагии кишлок ташкпл медихад. Дар Шахртуз пахтакори ва чорводори (махсусан парвариши гусфандхои карокули) таракки кардааст. Богдори, обчакори, парвариши мевахои цитруси ва оруи асал, инчунин галлакори (аз чумла шоликори) ва кишти зироати хуроки чорво ривоч меёбад. Киштзорхо аз д. Кофарнихон обёри карда шуда, оби дарьё ба воситаи ст. насоси ба водии Бешкент бароварда мешавад.

Район с. 1986 7 к-зи пахтакор, 4 с-зи пахтакор, 1 с-зи карокулпарвари, 1 с-зи богу токдори, 1 с-зи шоликори, 1 муассисати байнихочаги оид ба фарбехкунии чорвои калони шохдор, 1 муассисаи байнихочаги оид ба фарвбедкунни гусолахо ва 1 ф-каи байнихочагии паррандапарвари дошт. С. 1986 дар Шахритуз майдони умумии кишт 16891 га (заминхои оби 16499 га) буд. Корхонахои саноатии район: з-дхои пахтатозакуни, нон ва комб-и хизмати маиши.

Соли хониши 1985/86 район 8 мактаби ибтидои, 6 мактаби хаштсола, 28 мактаби миёна, 2 омузишгохи касбхои техники ва 21 муассисаи томактаби дошт. 17 китобхона, 4 хонаи маданият, 13 клуб ва 20 дастгохи кинонамоишдихи мавчуд аст. Район 2 касалхона, 3 поликлиника, 1 консултацияи занона, 1 диспансер, 1 ст. санитарию эпидемиологи, 29 пункти тибби ва 7 дорухона дорад. Аз худуди район р. о.-и Тирмиз — Кургонтеппа мегузарад. Район бо маркази вилоят ва диг. шахрхои республика ба воситаи наклиёти автомобили  р. о. ва наклиёти хавои (аэропорт дар птш Шахртуз) робита дорад. Газетаи райони — «Октябрь» (аз марти 1932 инчониб нашр мешавад).

З. Абдурхимов.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …