Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Нохияи ГOHЧИ

Нохияи ГOHЧИ

ghonchi

ГOHЧИ, райони маъмури дар хайати вил. Хучанди Точ. Таъсисаш 5 дек. 1929. Масох. район 1588,7 км2. Ахолиаш 70,2 хаз. наф. (1986). Район 7 С. ц. (Яхтан, Газантарак, Мчум, Овчи, Калининобод, Росровут, Дальёни Боло) ва як С. п. (Гончи) дорад. Маркази район — птш Гончи.

Терр. район дар нишебии шимолии к-кухи Туркистон вокеъ гашта, сархади он аз теги каторкух (баландиаш аз с. б. то 4743 м, к. Пирях) то хамвории водии Фаргона (баландиаш аз с. б. 350 м) тул кашидааст. Рельефи кисми маркази ва чанубии район асосан аз теппаю адирхо иборат аст. Аз сарватхои зеризамини дар район факат масолехи бинокори (санги мармар, гили хиштбоб ва регу шагал) хаст.

Иклими район хушки континентист. Харор. миёнаи июль 20—30*С, янв. аз —2 то —4 С. Дар куххо харор. миёнаи июль 12—15*0, янв. то

— 10, —15*С. Боришоти солона дар пастихо 200—300 мм, дар куххо то 700 мм. Дарьёчахои асосиаш: Саркат (шохоби чапи Оксу, хавзаи Сир) ва Овчи, ки ба воситаи канал ба обанбори Каттасои p-ни Уротеппа мерезад. Барои боз хам хубтар ба рох мондани обёрии заминхо дар Ширинсой обанбори Даханасой (хачмаш 42 млн м3) сохта шудааст.

Хок ва набототи район гуногун аст. Хоки хамворию доманакуххо асосан хокистарранги мукаррари, хокистарранги тира ва хоки куххо бошад, дорчини ва даштию маргзори кухист. Дар хамворию доманакуххо (то баландии 1200 м) набототи биёбонию нимбиёбони — эфемерхо, шибог, шутурхор, ковил, реша, чорубак, кавар, ковул ва г., дар куххо (баландихои 1200—1900 м) набототи дашти — хущадорхо, лубиёихо, чатргулхо, буттахои зирк, настаран, вагнич, бодоми талхак ва г. меруянд. Баландихои 1900—2800 м-ро минтакаи бешадаштхо (алафзорхо, арчазорхо, бешахои дарахтони фарк, заранг, бушол ва г.) ва баландихои 2800 м ва аз он болоро минтакаи маргзорхо субалпию алпи фаро гирифтанд. Дар махалхои ахолинишин ва богот дарахтони зардолу, себ, нок, муруд, шафтолу, олу, олуболу, гелос, анчир, анор, бихи, чормагз, тут, санчид ва токзорхо бисьёранд.

Дар иктисодиёти район хочагии кишлок мавкеи асосй дорад. Махсусан галлакори, богу токдори, чорводори ва кирмакдори ривоч ёфтааст. Аз худ кардани заминхои бекорхобидаи дашти Кизили имконият дод, ки сохаи нави хочаги — пахтакори ба рох монда шавад. С. 1986 район 6 с-зи зироаткорию богдори ва 4 с-зи чорводор дошт. Майдони умумии заминхои х. к. 121884 га, аз чумла замннхои оби 12 720 га.

Корхонахои саноатии район аз з-ди хишт, филиали ф-кахои трикотаж ва хунархои бадеии халкии ш-Уротеппа, аз комб-и хизмати майши, цеххои нонпази, кулинари, лимонад ва матбаа иборатанд. Район 65 магазин, 68 нуктаи хуроки умуми, 26 нонвойхона дорад. Дар район идорахои хочагии чангалпарвари (майдони чангал 71497 га), шуъбаи районии «Точиксельхозтехника», системаи обёри, идорахои таъмиру сохтмон, участкаи баистифодадихии рох, колонахой сайёри механиконидашудаи ракамхои 8 ва 34, филиали базаи автомобилии раками 36-и ш. Уротеппа мавчуданд.

Соли хониши 1985/86 район 33 мактаби миёна, 8 мактаби 8-сола, 2 мактаби ибтидои, мактаб-интернат, мактаби мусики ва омузишгохи касбхои техники дошт. Дар район инчунин театри халки, хонаи пионерон, 20 клуб, 3 хонаи маданият, 28 китобхона ва 18 дастгохи кинонамоишдихи хаст.

Дар як касалхонаю таваллудхонаи райони, 4 касалхокаи участкави (хамаги 505 кат), як поликлиника, 7 дорухона, амбулатория, 21 пункти фелдшерию акушери ва ст. санитарию эпидемиологи 96 наф. духтуроии маълумоти олидор, 223 наф. коркунони дорои маълумоти миёнаи тибби ва 147 наф. фелдшеру акушеркахо кор мекунанд. Дар район санаторияи касалихои сил, санаторияи бачагона ва лагери пионери хаст.

Наклиёти район автомобилист. Газетаи райони «Байраки Октябрь» аз с. 1939 ин чониб нашр мешавад.

В. Сатторов,

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …