Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / Ноболигон дар хукук

Ноболигон дар хукук

Ноболигон дар хукук, шахсони хануз ба камол нарасида. Гражданхои синнашон ба 18 расидаи СССР Шахсони болиг дониста мешаванд.

Мавкеи хукукии Ноболигон аз руи хусусиятхои фарккунандаи синну солашон (тачрибаи кофии зиндаги надоштан, пурра сарфахм нарафтан ба баъзе вокеахо, нафахмидани окибати кори худ ва гайра) муайян карда мешавад. Дар баъзе мавридхо талаботи конунии Ноболигонро падару модарон ё шахсони онхоро ивазкунанда (васиён, парасторон, намояндагони конуни) ба ухда мегиранд. Химояи хукуку манфиатхои Ноболигон ба зиммаи органхои давлати (комиссияи оид ба корхои ноболигон, прокуратура, органхои васояту парастори ва гайра) гузошта шудааст.

Хукуки гражданин н о б олигон. Ноболигон (аз 15 то 18-сола) хукук доранд, ки бо розигии падару модарон (ба фарзанди кабулкардагон) ё васиён ахдхо банданд, ба музди кор ё стипендияи худ мустакилона ихтиёрдори кунанд, муаллифи асархо, ихтироот ва таклифхои ратсионализатории (навоварии) худ бошанд, кашфиётхои худро мустакилона ба хаёт гузаронанд, ба муассисахои кре­дити амонат гузоранд ва ба oн ихтиёрдори кунанд ва гайра (моддаи 13 КГ PCС Точикистон). Дар сурати мавчуд будани асосхои кофи органхои дахлдор, Ноболигонро (15 то 18-сола) аз хукуки ихтиёрдори ба музди кору стипен­дия махрум карда метавонанд. Ахдхоро аз номи Ноболигони то 15-сола падару модарон (ба фарзанди кабулкардагон) ё васиён мебанданд. Ахде, ки Ноболигони то 15-сола мебанданд, эътибор надорад.

Бе розигии падару модар, ба фарзанди кабулкардагон, васиёну парасторон ахди бастаи Ноболигони аз 15 ю 18-соларо суд бекор карда метавонад. Мувофики конун Ноболигон ва болигон аз чихати муносибатхои хукукии мехнати баробархукук мебошанд ва дар сохаи мухофизати мехнат, вакти кор, гирифтану истифода бурдани отпускхо имтиёзхо доранд. Ноболигон аз синни 16-солаги, пас аз муоинаи тибби, ба кор кабул карда мешававд. Ба тарики истисно ва бо розигии КМФЗ шахсони синнашон ба 15 расидаро ба кор кабул кардан мумкин аст. Ноболигонро дар корхои вазнин, шароити мехнатнаш зарарноку хавфнок, корхои зеризамини истифода бурдан мумкин нест. Ба Ноболигон бардоштан ва кашондани чизхои вазнине, ки вазнашон аз нормахои мукаррари зиёд мебошад, манъ аст. Музди кори Ноболигон бо микдори муайяни гуруххои дахлдор, барои корхои муздашон корбаиъ аз руп пархдои корбайъ дода мешавад. Нормаи кории коргарчавонони ноболиг (шахсоне, ки мактабхои касбию техники, маълумоти умумиро хатм карданд ё бо усули шогирди касб омухтанд) мувофики конунхои чори мукаррар карда мешавад.

Ба корхои шабона ва зиёда аз вакти кор чалб кардани Ноболигон манъ аст. Дар рузхои истирохат низ ба кор чалб намудани Ноболигон мумкин нест. Ба Ноболигон отпускхои дарсола дар фасли тобистон ё мувофики хохишашон дар дар вакти сол дода мешавад. Дар хамаи корхонаву ташкилотхо барои ба кор ва таълими истехсоли кабул кардани Ноболигоне, ки мактабхои маълумоти умуми, омузишгохи касбхои техники ва техникиро тамом кардаанд, брол (чой) мукаррар карда мешавад. Маъмурият мувофики коидахои умумии озод кардан аз кор [бо розигии комиссияи районии (шахрии) оид ба корхои Ноболигон] хукук дорад, ки Ноболигонро аз кор холи кунад. Бастан ва аз эътибор сокиту бекор кардани харгуна шартномаи мехнати бо Ноболигон мумкин аст.

Ч а в о б г а р и и Ноболигон Мувофики конуни чинояти (моддаи 10 КЧ PCС Точикистон) шахсоне, ки пеш аз содир кардани чиноят ба синни 16 расидаанд, ба чавобгарии чинояти кашида мешаванд. Шахсоне, ки дар синни аз 14 то 16-солаги чиноят содир кардаанд, факат барои одамкуши (моддаи 104— 109 КЧ РСС Точикистон), касдан расондани зарари чисмони, ки боиси вайрон шудани саломати гардидааст (моддаи 111—114; 115 к. 1 ), барои тачовуз ба номус (моддаи 121), дуздии молу мулки микдораш махсусан калон (модаи 96), рохзани (моддаи 94, 156), дузди (моддаи 89, 154), горатгари (моддаи 90, 155), авбошии ашадди (моддаи 220 к. 2 ва 3), касдан несту нобуд кардан ё зарар расонидан ба молу мулки давлати, чамъняти ё молу мулки шахсни гражданинхо, ки боиси руй доданн окибатхои вазнин шудааст (моддаи 99 к. 2, моддаи 161 кисми 2), дуздидани яроки оташфишон, лавозимоти чанги ва моддахои тарканда (моддахои 233), дуздидани моддахои нашъаовар (моддаи 240), инчунин барои касдан содир намудани харакатхое, ки боиси фалокати поезд шуда метавонанд (моддаи 84), ба чавобгарии чинояти кашида меша­ванд. Нисбат ба Ноболигоне, ки дар натичаи содир кардани чиноят махкум шудаанд, чазои катл, б а д а р г а, (ба чои муайян ва аз чоп муайян) татбик карда намешавад ва онхоро аз 10 сол ва бештар аз озоди махрум кар­дан мумкин нест. Агар чинояти Ноболигон барои чамъият хавфи калон надошта бошад ва онро бидуни чазои чинояти ислох кардан мумкин бошад, суд хукук дорад нисбат ба вай чорахои мачбурии тарбияви бубинад, ин чазои чинояти хисоб намешавад. Шахсоне, ки Ноболигонро ба майнуши, нашъакаши ва гайра водор мекунанд, барои Ноболигон касдан алимент намедиханд ва гайра ба чавобгари кашида мешаванд. КПСС ва Хукумати Совети дар хакки Ноболигон хеч нува ёриро дарег намедорад.

Ад.: Низомномаи комиссияхои оид ба корхои ноболигон. Д., 1074; Кодекси чиноятии РСС Точикистон, Д., 1975; Кодекси гражданин РСС Точикистон, Д.,1964; Кодекси РСС Точикистон оид ба мехнат, Д., 1973.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …