Нобигаи 3убиёни (такрибан 535—604), шоири араб. Дар оилаи яке аз номварони кабилаи Зубиён ба дунё омадааст. Нобигаи 3убиёни дар таърихи адабиёти араб аз асосгузорояи назми дарбори шинохта шудааст. Дар касоидаш шучоату карами хукмронони давр Амр ибни Хинд ва Нуъмонро васф кардааст. Тавассути хикоятхои пандомуз, ки дар касидахояш овардааст, шоир хокимонро ба адолат ва раиятпарвари даъват мекунад. Нобигаи 3убиёни инчунин яке аз асосгузорони лирикаи сиёси дар назми араб аст. Чанде аз касоиди у дар шакли панду насихати сиёси гуфта шудаанд. Вай кабилахои хамчавори худро ба сулху сафо, бас кардани Чангу чадол, мукаддас донистани иттифоку ахду паймон даъват мекунад.
Муттафикии кабилахо ба акидаи Нобогаи 3убёни асоси галаба бар душмани пурзур аст. Касидахои Нобигаи 3убиёни аз кисматхои маъмули иборат мебошанд. Аз санъатхои бадеи — ташбеху истиора, талмех, муболига ва гайраро фаровон истифода кардааст. Абёти Нобигаи 3убиёни, ки ба васфи табиату биёбони Арабистон, тасвири мухорибахо бахшида шудаанд, уро дар байни касидасароёни араб шухратманд гардонидаанд. Як воситаи услубии Нобигаи 3убиёни дар он аст, ки у мамдухи зиндаро мурда пиндошта, васфи корнома караму саховати уро бо гаму андухи зиёд ба калам медихад. Нобигаи 3убиёни муаллака низ гуфтааст. Ба эчодиёти Нобигаи 3убиёни шоирони касидасарои араб Абутаммом Хабиб, Бухтури, Мутаннаби ва дигарон пайрави кардаанд.
Ад.: Литература Бостона в средние века, ч. 2, М., 1970; Фнльштинский И. М.. Арабская литература в средние века. Словесное искусство арабов в древности и раннем средневековье. М.. 1977.