Низомуддин Мавлоно Махмуд ибни Амирахмади Кории Язди (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 15 форс-точик. Доир ба тарчумаи хол ва тахсилоташ тазкирахо маълумот надодаанд. Низомуддин дар Шероз умр ба cap бурдааст. Вай ба монандн Абуисхоки Атъима дар шеър сабку услуби нав ба миён овардааст. Дар ашъораш номи либосхо ва матоъхоро зикр намуда, девонашро «Албиса» ном ниходааст.