Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Низоми Астарободи

Низоми Астарободи

Низоми Астарободи (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1516), шоири форс-точик. Мувофики маълумоти тазкирахо («Тухфаи Соми», «Рузи равшан», «мадмаъ-ул-фусахо» ва гайрахо) Низоми Астарободи шахси донишманд ва аз номварони Астаробод будааст. Дар чавони санъати муамморо омухта ва шоириаш низ аз сурудани муаммо огоз ёфтааст. Навои дар «Мачолис-ун-нафоис» ба ин хунари Низоми Астарободи ишора намуда, ба таври намуна яке аз муаммохояшро меорад. Касида, газалхои ишки, хасбихоли, тардеъбандхо дорад. Дар чанде аз газалхояш афкори пандуахлоки ва тарбияви ифода ёфтаанд. Дар поёни умр Низоми Астарободи равияи эчодии худро дигар кард. Такрибан 4 хазор байт касида ва тарчеъбандхое, ки махсули эчо­дии охири умри шоиранд, ба васфи пайгамбару оли у оиданд.Дар баробари ин гуна ашъори дини ва аз чихати гояви паст Низоми Астарободи ашъори рангин ва сухану лафзи ороста бо санъатхои бадеи дорад. Ин абёт намунаест аз шеъри у:

Тират гузашт аз чон, дар дил гирифт

манзил,

Нон ёфт рохат, аммо кори дил аст

мушкил.

Тират зи шасти хичрон бар чону дил

нишаст,

Гуям барорам аз чон, аммо нагуям,

аз дил.

Шаб дар фазо аз мохи нав кишти дар

об андохта

В-аэ офтобаш лангари зарринтаноб

андохта.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …