Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нитропайвастхо

Нитропайвастхо

Нитропайвастхо, пайвастхои органикие, ки дар молекулаашон як ё якчанд нитрогурухи (—NOj) бо атомхои карбон пайваст доранд. Мо­но-, ди- три- ва полинитропайвастхоро фарк мекунанд. Нитропайвастхо алифати (нитропарафинхо ва нитроолефинхо), аромати (нитроанилинхо, нит­робензол, нитротолуол, нитронафта­лин ва гайра), ароматию алифати (дар занчири алифатии пахлуиашон нитрогурух доранд, масалан, фенилнитрометан СвНвСНгМОг, нитростирол С*Н*— —CH=CHNOj ва гайра, хам дар занчири пахлуии алифати ва хам дар халкаи ароматиашон нитрогурух до­ранд, масалан, п-нитрофенилнитрометан 02NC6H40HjN02) мешаванд. Нитропайвастхои аромати моддахои моеъи зард ё кристалл буда дар халкунандахои органики нагз ва дар об бад халшавандаанд.

Нитропайвастхои ароматиро дар саноат ва лаборатория бо рохи нитронидани пайвастхои аромати хосил мекунанд. Полинитропайвастхои ароматиро ба сифатп моддахои тарканда истифо­да мебаранд. Нитропайвастхои алифатиро дар са­ноат асосан хангоми бо кислотаи нитрат ё оксидхои нитроген нитронидани парафин хосил мекунанд. Мононитропарафинхои соддатарин моеъи беранг буда, буи хос доранд. Нитропарафинхо бо осони то гидроксиламинхо ва аминхо баркарор ме­шаванд. Хангоми таъсири кислотахои консентронида ба Нитропайвастхо кислотахои карбон хосил мешаванд. Нитропайвастхои алифати бо алдегидхо ва кетонхо бо осони конденсатсия шуда нитроспиртхо хосил мекунанд, ки онхо дар навбати худ дегидратасия шуда ба нитроолефинхо табдил меёбанд, Ин реаксияро дар амалияи лаборатори васеъ истифода мебаранд. Баъзе Нитропайвастхо захрнок буда, ба чигар, чашм ва гайра зарар мерасонад.

Адабиёт: Нитрование углеводородов и дру­гих органических соединений, Москва, 1958 Химия нитрои нитрозогрупп, Москва , 1972; Химия и технология бризантных взрыв­чатых веществ, Ленинград, 1973.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …