Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нишоти Исфахони

Нишоти Исфахони

Нишоти Исфахони (1761/62, Исфахон — 1828/29), шоири эрони. Айёми кудаки ва тахсили ибтидоиаш дар зодгохаш гузаштааст. Ба забон ва адабиёти форси дилбастаги дошт ва дар ин ду фан дониши кофи андухт. Забонхои араби ва туркиро хам ба хуби аз худ намуд; дар илмхои мантик, риёзи ва улуми дини аз саромадони вакт шуд. Нишони Исфахони дар санъати хаттоти низ устоди чирадаст ба шумор мерафт. Нишони Исфахони дабир, мулши, сарпарасти девони ра­соили Фатхалишохи Кочор буда, ба лакаби «Муътамадуддавла» сохиб шудааст.

Нишоти Исфахони дар сохаи шеъру адаб хидмати зиёде кардааст. Бо ташаббуси у «Анчумани адабии бозгашт» пас аз Муштоки Исфахони дубора ба кор шуруъ намуд. Максади ин «Анчумани адаби» аз байн бурдани услуби душворписанди хинди (сабки Хинди) ва бозгашт ба тарзу услуби шуарои мутакаддим буд. .Ахли илму адаб хафтае як бор дар манзили шоир чамъ омада, дар боби шеъру адаб сухбату бахсхо меоростанд. Нишоти Исфахони дар вакти зиндаги осори худро фарохам накардааст. Пас аз вафоташ асархои уро яке аз адибони он замон дар китобе бо унвони «Ганчина» тартиб ва танзим сохт. «Ганчина»-и Нишони Исфахони аз панч кисм иборат аст: 1) дебочахо, хутбахо, вакфномахо ва ахдномахо, 2) мадехахо, каболахо, касоид ва китъаот; 3) номахо ва фармонхо; 4) номахо ба шох ва шохзодагон; 5) шеърхо, китъаоти адаби ва хикоёти ахлоки.

Нишоти Исфахони дар аксари навъхои шеър асар эчод кардааст. Дар газал махорат ва кудрати бештаре зохир кар­да, дар ин соха муътакиди Саъди ва Хофиз буд. Ду асари хачман хурди мансур дар пайравии «Гулистон»-и Саъди аз у боки мондааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …