Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нишонахои харби

Нишонахои харби

Нишоихое, ки дар либоси низоми духта ё часпонда шуда, ба рутбаю дарачаи хизматчиони харби ишорат мекунанд ва ба кадом навъи кушун тааллук доштани онхоро нишон медиханд. Нишонхои Харбиро дар СССР Президиуми Совети Олин СССР мукаррар мекунад. Дар армияхои хозира погонхо, нишони каллапушхо, петлитсахо — эмблемахо, нишонхои сарисинаги ва остини, кантхо ва лампасхо Нишонхои харби ба шумор мераванд.

Дар Россияи асрхои 16—17 дар кушунхои стрелетсхо офитсерон ва аскарони катори бо либосу аслиха аз хам фарк карда мешуданд. Соли 1801 барои хама гуна кисмхо погонхои харранга чори гардиданд. Соли 1807 погонхоро бо эполетахо иваз намуданд.

Дар Осиёи Миёна, кушунхо аз даврахои кадим ба савора ва пиёда таксим шуда, аз руи сару либос, яроку аслиха ва афзори асп фарк мекарданд. Дар асрхои 8—7 то мелод саворагон худ пушида, бо чавшану сипару шамшер, аскарони пиёда либоси нисбатан сабук дар бар карда, бо сипа­ру найза мусаллах мешуданд. Тасвири сару либос, яроку аслиха ва мухорибахо дар бозёфтхои археологи низ вомехуранд. Дар яке аз пластинкахои тиллои, ки аз хизонаи Аму ба даст омадааст, чанговари сакоие тасвир ёфтааст, ки либоси чанги пушда, акинак (навъи ханчар) овехтааст. Дар релефи Тахти Чамшед ду чанговари сакон акс ёфтаанд, ки онхо кулохи махрути пушида, бо найзахо мусаллах шудаанд. Ин нигоришот бо маълумоти Геродот рочеъ ба либоси аскарони пиёдаи сакоихо мувофикат мекунад. У кайд мекунад, ки аскарони пиёдаи сакои кулохи махрутии пашми пушида, бо найза ва тиру камон мусаллах мешуданд.

Дар манбаъхои таърихи ва бозёфтхои археологи рочеъ ба лашкари мунтазами Сугд дар арафаи истилои араб маълумоти парокандае мавчуд аст. Мувофики ахбори Табари, аска­рони ихшидхои сугди ба ду гурух — лашкари мунтазам ва отрядхои махсус чудо мешуданд, ки онхоро чакир меномидаанд. Соли 1933 хангоми хафриёти калъаи Муг сипари чубие ба даст омад. Дар рукаши чармии сипар саворае тасвир ёфтааст, ки камазули дароз пушида, миёнашро бо камарбанди заррин баста, бо шамшер, тиру камон, ханчар ва гурз мусаллах шудааст. Аз руи камар­банди заринаш тахмин кардан мумкин аст, ки дар сипар чанговаре аз табакаи доро акс гардидааст. Рочеъ ба аскарони пиёдаи Сугд тасвири чанговарони сугди дар ду тахтачаи гили маълумот медихад. Дар хар ду тахтача чанговароне тасвир шудаанд, ки дар бар камзули дароз, дар cap худ, ба дастон дастпушаки чарми ва дар дасти росташон найза доранд.

Дар ахди Сомониён кушун ба тартиби муайян дароварда шуд, ки он пеш аз хама ба сохти иктисодию сиёсии чамъияти феодалии Осиёи Миёна вобаста буд. Лашкари Сомониён ба ду категория — мунтазам (гвар­дия) ва лашкари халки чудо мешуд. Сафи гвардияро аз хисоби гуломон пур мекарданд. Системаи тарбияи гуломон вучуд дошт. Барои фарк кардан ба аскарон аз руи соли хизматашон либоси гуногун медоданд. Мувофики маълумоти Низомулмулк, гулом дар соли аввали хизмат ба сафи кушуни пиёда дохил шуда, ли­боси оддии пахтаги — запданачи мепушид. Соли дуюм ба у аспу афзори одди медоданд, дар соли сеюм ба гирифта гаштани навъи махсуси шамшер — карачур хукук пайдо мекард, соли панчум сохиби либоси нимабрешими, гурз, чилави ситорадор мегардид, соли хафтум уро високбоши (сардори хайма) таъин мекарданд. Хамчун нишони фаркияти харби кулохи сиёхи намади ва чомаи зарбофт мепушид.

Кори харби хусусан дар ахди Темур вусъат ёфт. Темур барои ба амал баровардани накшахои горатгаронал худ кори харбиро такмил дод. Лашкариён аз руи ранги сару либос, сохти худ, яроку аслиха ва афзори асп аз хам фарк менарданд. Темур барои отрядхои алохида сару либоси ранги махсус ва нишонхои гуногун чори намуд. Барои гуруххое, ки дар кухсор амал мекарданд, сару либоси махсуси сабук мукаррар шуд. Дар нимаи дуюми асри 18 кушуни аморати Бухоро танхо аз саворагон — нукарон иборат буд, ки онхо ба дахи, панчохи, сади ва хазори таксим мешуданд. Танхо соли 1837 амир Насруллох ба ташкили лашкари мунтазам шуруъ намуд. У пеш аз хама ба ташкили кушуни пиёда ахамият дод. Аз хисоби аспроли рус гурухи тупчиён ташкил карда шуд. Барои сарбозон кулучаи мохутии гулгун ва сиёх, ба­рои тупчиён кулучаи зард, шими сафед, телпаки пусти барра чори гардид. Сару либоси сарбозон ва сарлашкаронро точирони бухорои аз Россия меоварданд.

Баъди Faлабаи Револютсияи Кабири Сотсиалисти Ок­тябрь дар Армияи Сурх аввалин Нишонхои Харби январи 1919 чори шуд. Бо укази Президиуми Совети Олии СССР аз 6 январи 1943 барои хайати шахсии ФХБ по­гон чори гардид. Дар ФХБ баробари погонхо, дар сари остин нашивка (аломати фаркияти дарачаи аскарон, ки ба остин духта мешавад) насб мекунанд. Нишонхои Харби соли 1970 дар сари остини хайати аскарони катори ва сержантхо, инчунин дигар намудхои кувваи мусаллах низ чори карда шуд.

Ад.:     Троицкая А. А., Военное дело в Бухаре п первой половине XIX вена, (Сб. статей по истории и филол. пародов Средней Азии), «Тр. ИИАЭ АН Таджикской ССР», т. 17. Сталинабад, 1953; Д ж а л и л о в А., Согд на кану­не арабского нашествия и борьба сог- дийцев против арабских завоевателей в первой половине VIII в., «Тр. ИИАЭ АН Таджикской ССР», т. 90, Сталинабад, 1961; История таджикского народа, тт. 1—2, М.. 1963—64; Гафуров В. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и сред­невековая история. М., 1972.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …