Маълумоти охирин

Нисён

Нисён (ар. с)! -5 — фаромуши), фаромушхотири, суст ё нест шудани кобилияти кабули хофиза ва нигох доштану ба ёдовардани хотирот. Нисён се хел мешавад: диемнезия (суст шудани хотира), амнезия (нест шудани хотира) ва парамне­зия (фиреби хотира). Хангоми дие­мнезия хотира суст мешавад; кас ахбори чори (хусусан ном, ракам ва гайра)-ро дар хотир нигох дошта наме­тавонад, санаю тартиби вокеахорофаромуш мекунад.

Амнезия якчанд хел мешавад: амнезияи ретрогради — кас вокеахои пеш аз бемори дидаву шунидаашро пурра ё кисман фаромуш мекунад; амнезияи репродуктиви — бемор ном, рузи вукуи вокеа, шумораю шакли чизхо ва гайраро фавран ба ёд оварда наметавонад; амнезияи фиксатсиони — гирифторони ин намуди амне­зия вокеахои чориро дар хотир нигох дошта наметавонанд; амнезияи шиддатёбанда — кобилияти кабули хотира гум мешавад ва ёддоштхо, хусусан вокеоти солхои охир, охиста-охиста фаромуш мешаванд. Парамнезия ду хел мешавад: кон- фабулясия (ёддошти калбаки) ва криптомнезия (тахрифи хотира)..

Хангоми конфабулясия асли ходиса фаромуш мешавад ва чои онро тасаввуроти хаёли мегирад; дар вакти криптомнезия хар вокеа ё ходисае, ки бемор шунида ва ё дар хоб дидааст, ба назараш менамояд. Нисён ба беморихои органикии системаи асаб бештар хос аст. Барои он ки бе­мор шифо ёбад, аввал асоси бемориро  табобат бояд кард.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.