Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Никосия

Никосия

Никосия, Лефкосия (Nicosia, Leukosia), пойтахти Республика к Кипр. Маркази асосии иктисоди ва мадании мамлакат. Дар кисми марказни чазираи Кипр, дар баландии 150 метр чойгир шудааст. Иклимаш субтро­пики, бахримиёназамини; харорат миёнаи январ 10° Селсия, июл 28° Селсия.  Микдори боришоти солона 360 миллиметр. Ахолиаш 120 хазор нафар (1974). Узели нак- лиёт. Роххои автомобилгард Никосияро бо тамоми бандархои бахри ва шахрхои калони Кипр мепайванданд. Аэропорташ дорои ахамияти байналхалкист. Корхонахои саноати бофандаги, тамоку, чарму пойафзол, чубгари, коркарди металл, хуроквори (заводхои коняк, шарбати мева ва гайра), истехсоли масолехи бинокори дорад. Кулолгари ривоч ёфтааст.

Никосия бозори гандум, равгани зайтун, бодом, вино ва мевахои ситруси мебошад. Дар шахр аз ёдгорихои меъмори девори калъаи шхдр (1567), калисои чомеи София (холо масчиди Салимия; асрхои 13—14), калисои августиниён (холо масчиди Умария; 1330), бозо­ри Бедистон ва гайра боки мондаанд. 12 китобхона, аз чумла китобхонаи туркии Мадмуди Никосия, муассисахои илми, омузишгоххои педагоги, политехни­ки, театр, якчанд музей, маркази телевизион мавчуданд. Никосия маркази ту­ризм мебошад.

Никосия такрибан асри 7 то милод бунёд ёфтааст (аввалхо Ледра, дертар Левкотеон ном дошта, аз асри 13 Никосия ном гирифт. Онро соли 1570 туркхои усмони забт карданд. Аз 16 август 1960 — пойтахти Республикаи Кипр.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …