Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нигилизм

Нигилизм

Нигилизм (лот. nihil — хеч ва хеч чиз), дар Россия нуктаи назари интеллигенсияи гайридворянии солхои 60-уми асри 19, ки шаклхои мухталифи идеологиям хукмрон, ахлок ва нормахои хулку атвори хаётро катъияи инкор менамуд. Нигилизм дар вазъияти револютснонии солхои 1859— 1961 пайдо шуда, бухрони системаи феодалию крепостноиро инъикос кардааст. Истилохи «Нигилизм» баъди наш­ри романи П. С. Тургенев «Падарон ва фарзандон» васеъ интишор ёфтааст. Иртичоъпарастони Россия револютсионорони демократро нигилист меномиданд. Дар асл Нигилизми револютсиони (В. И. Ленин, Ас., ч- 4, соли 276) ва интеллигентии анархисти (В. И. Ленин, Ас., ч- 17. соли 184) аз хам фарк доранд. Нигилизм яке аз лахзахои чараёни ташаккули чахонбинии револютсионию демократи буда, ифодаи зухуроти пешкадам шуморида мешуд.

Нигилизми револютсиони хурофоти дини,  фалсафаи идеалисти, таассуби хаёти чамъиятию оилави ва акидахои либералии «санъат барои санъат», «илм барои илм»-ро рад намуда, талаботи озодии шахс ва баробарии занонро ба миён гузоштааст. Нигилизм ча­хонбинии мукаммал нест. Номуайянии программаи амал тарафдоронашро ба схематизм ва яктарафагии аз андоза берун мубтало гардонидааст. Аз ин ру, то охири солхои 60 дар катори ходимони фаъоли харакати pеволютсионию демократи ходимони ноустувори либерали низ ба арсаи таърих омаданд.

«Русское слово» ва «Современник» органхои адабие буданд, кп акидахои Нигилизмро ифода мекарданд. Тамоми намояндагони доираи револютсиони-демократии солхои 60-ум — Д. И. Писарев, Н. Г. Черни­шевский ва Н. А. Добролюбовро низ нигилист меномиданд. Мохияти иртичоии Нигилизми интеллигенткии анархисти хоси фалсафаи буржуазист. Масалан, Нитсше акидаи инкор намудани маданнят, нормахои ахлок ва хакикати пешинаро ба миён гузоштааст. Нигилизми мазкур дар шароити имруза ба кисми интеллигенсияи майдабуржуазии мамлакатхои напиталисти хос аст. Онхо бо ёрии Нигилизми иртичои норозогии худро ба мукобили идеоло­гияи расми ифода мекунанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …