Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Ниёзи Мисолии Бадахши

Ниёзи Мисолии Бадахши

Ниёзи Мисолии Бадахши (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1599— 1601), шоири асри 16 точик. Дар Бадахшон таваллуд ёфта, айёми чавони ва тахсилро дар он диёр гузаронидааст. Баъдтар ба Хидустон сафар карда, ба хидмати дарбори Акбар даромад. Ниёзи муддате дар шахри Гу­чарот зиндаги карда, бо гурухи мухолифони шох (Акбар) пайваст, ки ни боиси зиндони шуданаш гардид. Пас аз озод гардидан аз хабс ба Кобул ва аз он чо ба Кашмир мера­вад. Кисмату рузгори минбаъдаи у маълум нест. Аз осори Ниёзи газалхо ва ашъори пароканда дар тазкираву баёзхо дарч гардидаанд. Рухи носозгори бо хокимони давр дар ашъораш ифода ёфтааст. Чанде аз газалхояш дар мавзуи ишк васфи зебоихои табиат, хушихои зиндаги иншо гарди­даанд. Як баити ишкиаш ин аст:

Зи савдояш, Ниёзи, баски зору нотавон гашти,

Хаёли турраи у бас бувад заичир бар поят.

Дар баъзе шеърхои Ниёзи оханги рухафтодаги хис мешавад.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …