СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ХАРОРАТИ (ТЭС), исттохи баркиест, ки энергияи хароратии сузишвориро ба энергияи электр табдил медихад.
Стансияи электрии харорати ду навъ мешавад: станцияи электрии конденсациони (факат барои истехсоли энергияи электр хизмат мекунад) ва станцияи электру гарми (хам энергияи электр ва хам бугу оби гарм истехсол мекунад). Аввалин Стансияи электрии харорати дар Нью-Йорк (1882), сони дар Петербург (1883) ва дар Берлин (1884) сохта шуданд. Сохтмони Стансияи электрии харорати дар СССР дар асоси плани ГОЭЛРО вусъат ёфт.
Дар Точикистон сохтмони стансияхои электри солхои 20 асри 20 аз Стансияи электрии харорати сар шуд. Соли 1926 дар Душанбе аввалин стансияи электрии дизели (иктидораш 78 кВт) сохта шуд. Солхои 1957—68 Стансияи электрии хароратии Душанбе (иктидораш 225 хазор кВт) ва солхои 1969—71 Стансияи электрии хароратии Ёвон (иктидораш 180 хазор кВт) ба кор андохта шуданд. Станцияи электрии атоми, станцияи электрии геотермали ва гайра низ навъхои Стансияи электрии харорати ба хисоб мераванд.