Неруда (Neruda) Пабло (тахалл.; ном ва фам. Нефтали Рикардо Рейес Басуалто; 12. 7. 1904, Парраль — 23. 9. 1973, Сантяго), шоир ва ходими чамъияти Чили. Аъзои Партияи коммунистии Чили аз соли 1945. Дар Университети Сантяго хондааст. Дар корхои дипломати буд(дар Пспания, Мексика). Асархояш аз солхои 20 чоп мешаванд. Дар мачмуаи ашъори лирики «Бист шеър оид ба ишк ва як суруди навмеди» (1924), шоърхои солхои 1925—1935 («Чои зиндаги — замин», ч. 1—2) охангхои дилсарди ва бекаси садо медоданд. Дар муборизаи зиддифашистии халки Испания иштирок дошт (1936—1937). Дар китоби шеърхои «Испания дар кошонан дил» (1937) Неруда хамчун хофизи халки мубориз, чорчии якдилии одамон баромад кардааст. Солхои 1942—1943 «Суруди мехри Сталинград»-ро навишт.
Барои фош кардани сиёсати реаксионии президент Гонсалес Видело уро таъкиб намуданд. Соли 1948 эпопея оид ба такдири Америкаи Лотини — «Суруди умумихалки»-ро дар пинхонкори навишта тамом кард. Солхои 1949—1952 Неруда ба мамлакатхои Европа ва Осиё сафар карда, дар харакати тарафдорони сулх иштирок дошт, аъзои Совети Умумичахонии Сулх (аз 1950) буд. Чанд бор ба СССР омад. Чамъбасти таассуроти ин солхо рузномаи лирикии «Токзорхо ва шамолхо» (1954) мебошад. Андешахои фалсафии Неруда дар «Касидаи нахусташё» (1954—1957) ва китоби шеърхои лирикии «Эстравагарио» (1958) инъикос ёфтаанд.
Мачмуахои «Бахрнаварди ва бозгаштхо» (1959), «Сад сонетаи ишк» (1960), «Сангхои Чили» (1960), «Сурудхои маросими» (1961), «Киёмат» (1969), достони тарчумаихолии «Ёдгории чазирахои сиёх» (ч. 1—5, 1964) ва гайра аз вусъати доираи назми у шаходат медиханд. Муаллифи очеркхои «Саёхат» (1955), эссею маколахои танкиди ва публитсисти мебошад, «Суруди кахрамони»-и у (1960) ба револютсияи Куба бахшида шудааст. Санъати Неруда, ки дар мачрои реализми сотсиалисти нашъунамо ёфта буд, ба назми бисёр мамлакатхои чахон таъсири калон расонд. Дорандаи Мукофоти байналхалкии Сулх (I960), Мукофоти байналхалкии ленинии «Барои мустахкам кардани сулхи байни халкхо» (1959), Мукофоти нобели (1971) буд. Бо ордени «Дустии халкхо» мукофотонида шудааст. Чанде аз шеърхои у ба забони точики тарчума шудаанд («Кабри фаромушшуда», 1964; «Номи бекарори», 1965; «Баъд аз чанг», 1967 ва гайра).