Нернст (Nernst) Валтер Фридрих Герман (25. 6. 1864, Бризен, хозира Вомбжезно, Полша — 18. 11.1941, Обер — Тсибелле, назди Мускау, РДГ). физики немис. Яке аз асосгузорони химия и физикавии муосир. Аз соли 1902 профессори Университети Берлин. Солхои 1905— 1922 директори Институти химия ва 1924 —1933 директори Институти физикаи Берлин буд. У дар сохаи физика аз Болтсман таълим гирифтааст. Соли 1888 назарияи усули гудозиши электролитии металлхоро пешниход кардааст.
Соли 1890 конуни таксимоти моддаи халшавандаро дар моеъхои омехтанашаванда ё камомехташаванда дар холати умуми таъриф додааст. Соли 1897 лампаеро ихтироъ намуд, ки сонитар лампаи Нернст ном гирифт. Соли 1906 конуни 3-юми термодинамика (теоремаи Нернст ё ки принсипи Нернст) -ро кашф кардааст. Инчунин доир ба ходисахои галва- номагнити ва термомагнити кашфиётхо дорад (ниг. Ходисаи Нернст- Эттингхаузен). Нернст муаллифи китобхои дарсии химияи назарияви ва физикаи назарияви мебошад. Аъзои фахрии АФ бисёр мамлакатхои хоричи, аз чумла аъзои фахрии АФ СССР (1927) буд. Лауреати мукофоти нобели (1920).