Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Назорати давлати

Назорати давлати

Назорати давлати яке аз шаклхои татбики хокимияти давлатист. Дар ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ Назорати давлати дар шаклхои гуногуни ташкили аз тарафи хамаи органхои давлати бурда мешавад. Назорати давлати ба маънои васеаш — ифодаи фаъолияти назоратии Совети Олии ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ, Президиум ва комиссияхои доимии он, ифодаи фаъолияти назоратии Советхои Олии республикахои иттифокию автономи, Президиум ва ко­миссияхои доимии онхо, Советхои махалли, Совети Вазирони ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ, республикахои иттифокию автоно­ми, инчунин татбики назорат аз та­рафи вазоратхо ва дигар органхои давлати мебошад. Дар баробари он дар ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ органхои давлатие мавчуданд, ки вазифаи асосии онхо аз номи давлат ва ба манфиати он назо­рат кардан мебошад. Системаи ин гуна органхоро Назорати давлати меноманд. Асо­си ташкил ва фаъолияти Назорати давлати нуктахои назариявии ленини мебошад, ки дар рафти тачрибаи сохтмони давлатдории сотсиалисти то рафт бой мегарданд.

В. И. Ленин ба масъалаи назорат,  ба рафти амик омухтани вазъи кор дар корхонаю муассисахо вобаста буд, ба муайян кардани тачрибаи пешкадам, пахн намудани он, ки боиси нест кардани камбудихо мегардад, диккати калон медод. В. И. Ленин дар асари худ «Вазифахои револютсия» (1917) масъалаи дар микёси умумидавлати фавран чори намудани назоратро ба миён гузошт. Дар микёси тамоми мамла­кат Совети умумироссиягии назорати коргари ба кори советхои назорати коргари рохбари мекард. Дар таркиби он доир ба сохахои муайяни истехсолот комиссияхои ревизорони мутахассис ташкил карда шуд. Январи 1918 Коллегияи марказии назорати (КМН), Коллегияи бахисобгирии назорати ва Комиссияи назорати дар махалхо ташкил ёфт. Колле­гияи марказии назорати июли 1918 ба Комиссариата халкии Назорати давлати таб- дил дода шуд. Съезди 8-уми РКП (б) (марти 1919) дар бораи азнавташ- килкунии Назорати давлати карор кабул кард. Апрели 1919 КИМ-и Умумироссия ва СКХ-ии РСФСР “Дар бораи назорати давлати” (СУ РСФСР, 1919 № 12, сах. 122) декрет баровард. Соли 1919 3 системаи назорати (Комиссариати халкии Назорати давлатии РСФСР, органхои муассисавию назорати ва инспексияхои назорати коргари) амал мекард, ки фаъолияти Назорати давлатиро душвор мегардонид.

Феврали 1920 Комиссариати халкии Назорати давлати ба Инспексияи коргару дехкон (ИКД) табдил дода шуд, ки вазифахои зер ба зиммаи он гузошта шуда буд: назорат аз болои хамаи орган­хои идораи давлати, органхои идораи хочаги ва ташкилотхои чамъияти; мубориза ба мукобили бюрокра­тизм ва кашолкори; гузаронидани тафтиши таъчили ва тахкик; тафтиши ичрои декретхо ва карорхои Хокимияти Совети; назорат аз бо­лои риояи конунхо ва идоракуни ва гайра.

Соли 1924 Комиссариати халкии иттифоки-республикавии инспекси­яи коргару дехкон, 1930 органи тафтиши доир ба ичрои карорхои хукумати ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ — Комиссияи ичроия дар назди СКХ ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ бо сардории раиси СКХ ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ ташкил карда шуд. Ба хайати комиссия котиби КМ ВКП(б), раиси ВТССПС, комиссари ИКД ва раиси Марказии колхозхо дохил мешуданд. Соли 1934 Комиссариати халкии ИКД бархам дода шуд. Вази­фахои он ва Комиссияи ичроия ба зиммаи Комиссияи советии назорати (КСН) назди СКХ ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ, ки хамон сол таъсис ёфта буд, гузошта шуд. Вазифаи асосии КСН аз тафтиши ичрои мухимтарин карорхои хукумат дар махалхо иборат буд. Соли 1940 Комиссияи советии назорат ба Ко­миссариати халкии иттифоки-рес- публикавии Назорати давлати (1946 — ба вазорат), баъд вазоратхои Назорати давлати.ба комиссияхои Назорати давлатии ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ ва рес­публикахои иттифоки табдил дода шуд. Солхои 1962—1965 дар ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ комитетхои назорати партиявию давлати амал карда, аз болои фаъолияти ор­ганхои партиявию давлати назорат мекарданд. Дар Пленуми декабрии (1965) КМ КПСС ба чои органхои назорати партиявию давлати хамчун органи Назорати давлати назорати халки таъсис карда шуд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.