Назмии Бухорои Сайидчон-махдум (соли таваллудаш номалум, вафот 1918), шоири точик. Дар тазкирахои Музтарам, Афзал Махдуми Пирмасти, Садри Зиё, инчунин дар «Намунаи адабиёти точик»-и С. Айни Назмии Бухорои хамчун шоири хуштабъ ва хушбаён ёд мешавад. Дар махфилхои адаби ва мушоирахое, ки Садри Зиё ташкил мекард, у фаъолона иштирок менамуд.
Тахаллуси шоириаш аввалхо «Сидки» .будааст. Назмии Бухорои бo чавонбухороиён робитаи кави дошт. Соли 1918 дар Бухоро мах- буси хонанишин буд. Пас аз вокеаи Колесов ба Балчувон бадарга шуда, ноябри 1918 дар зиндони Балчувон ба катл расид ва «ба сафи удабо ва фузалой мазлумине, ки дар ин вокеа берахмона кушта шуда буданд, дохил гардид» (С. Айни, Намунаи. адабиёти точик, Москва, 1926, сах. 494— 495). Намунахо аз ашъори Назмии Бухорои дар тазкираву баёзхо хастанд. Газалхо ва порчахои шеърии бокимондаи Назмии Бухорои мавзуъ ва мазмунхои сиёси — ичтимои доранд; аксаран ин акоидро шоир дар газалиёташ баён кардааст:
Харгиз фалак замоне нагашт ба
коми мо,
Ё раб! Ки меситонад аз у интикоми мо?
Умре ба гам гузашту дарего нарехтанд,
Як катрае зи бодаи ишрат ба коми мо.