Маълумоти охирин

Назми

Назми (соли таваллуд номаълум — вафот 1623, Балх), шоири точик. Дар дехаи Фулур (Фулул)-и Бадахшон таваллуд ёфтааст. Насрободи дар тазкирааш ба иштибох Фулурро яке аз дехоти музофоти Балх гуфтааст. Мувофики маълумоти муаллифи «Бахр-ул-асрор» Махмуди Китобдор Назми пас аа шухрат пайдо кардан ба дарбори Имомкулихон даъват гардида, ба унвони маликушшуаро сохиб шудааст. Ду нусхаи девони касоиди Назми (дар китобхонаи Институти шаркшиносии АФ РСС Узбекистон тахти раками 9727 ва дигаре дар захираи дастнависхои шаркии АФ РСС Точикистон тахти раками 1181 махфузанд), девони газалиеташ (дар китобхонаи Институти шаркшиносии АФ РСС Узбекистон тахти раками 9725 махфуз) то замеони мо расида, зиёда аз 5 хазор байтро ташкил медиханд. Махмуди Ки­тобдор манзумаеро бо номи «Ахлоки Мухсими» ба Назми нисбат дода, порчаеро аз он овардааст. Эхтимол Назми «Ахлоки Мухсини»-и Хусайн Воизи Кошифиро ба риштаи назм кашида бошад. Мавзуи асосии эчодиёти Назми мадх шикояту хасби хол ва панду ахлок аст.

Ад.: Хабибов А., Ганчи Бадахшон, Д., 1972.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …