Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назм

Назм

Назм (ар. —ба хам пайвастан, ба ришта кашидани чавохир), сухане, ки бар хилофи наср бо вазну кофия гуфта шудааст. Адабиёт ба маънии асли аз ибтидо чун Назм (каломи манзум) ба вучуд омадааст. Аксари навъхои адабии адабиёти кадиму асримиёнагии точик ва халкхои дигари Шарк адабиёти даврахои ати­ка, асрхои миёна, Эхё ва класситсизми Европа бо Назм навишта шуда­анд. Дар адабиёти халкхои гуногун лирика маъмултарин чинси адаби буд. Махз дар лирика имкониятхои калони маънавии Назм зохир меша­вад Бинобар он назми замони нав, пеш аа хама, Назми лирикист.

Дар лирикаи муосир Назм ду вазифаро анчом медихад: мувофики вазифаи аслиаш тачрибаи хаётии муаллифро дар санъат дар бар мегирад, яъне ходисаи хаётиро ба ходисаи адаби табдил медихад; дар айни замон таассуроти шахси ва овози хосу но- такрори шоир махз дар Назм барчасга инъикос мешавад. Назм ду рукни асоси дорад: вазн ва кофия. Низому тартиби Назм ба вазну кофия вобаста аст. Аммо хар як каломи мавзун шеър шуда наметавонад. Бинобар он, аз замонхои кадим дар байни шеър ва Назм фарк гузоштаанд. Масалан, Арасту гуфтааст.: «Факат шахсоне, ки мафхуми «эчод»-ро бо вазн як медонанд, аз руи мохияти мухоки- ма не, балки умуман аз руи вазн баъзехоро марсиясаро, дигархоро достонсаро номида, шоирашон мехонанд.

Агар шахсе оид ба тиб ё фи­зика рисолаи мавзуне тартиб дихад, у хамчун шоир ёд мешавад. Хол он ки байни Гомер ва Эмпедокл, ба чуз вазн, дигар ягон умумияте нест. Аввалиро хаккони шоир бояд хонд. Аммо дуюми шоир не, балки фисиолог аст» (Аристотел, Поэтика, М., 1957, соли 1941). Дар асрхои миёна як катор асархои илмии фалсафи, мазхаби, тибои ва таърихии точики низ бо Назм навишта шудаанд (аз чумла, асари таърихии «Зафарнома»-и Хамдуллохи Муставфи дар асри 14).

Дар рузгори мо тамоми асархои бадеин манзумро Назм мегуянд. Ба ин маъни Назм осори манзуми гузашта, муосир ва назми халкиро дар бар мегирад. Назм аз чихати мохияти инъикос ва шакли ифода кам омухта шудааст. Хангоми омузиши ин чихатхои осо­ри манзум мухаккикон бештар ба истилохи шеър мурочиат кардаанд. Дар адабиётшиносии гузаштаи то­чик тадкики Назм аз чихати вазн, ко­фия ва хусусиятхои бадеи хеле инкишоф ёфта буд. Дар заминаи хамин тадкикот илми назмшиноси ба вучуд омад, ки нозукихои ифода ва тарзи баёни Назмро муфассал тадкик кардааст. Азбаски вохиди асосии Назмии гузашта байт буд, тадкики таркибхои лафзи, вохидхои маънавию шакли дар худуди байти шеър мукаррар гаштааст. Намунаи барчастаи тадкикоти классикии Назм китоби «Ал-муъчам фи маоири ашъор- ил- Ачам»-и Шамси Кайси Рози мебо­шад.

Ад.:   Аристотел,Поэтика,    М., 1957; Словар литературоведческих тер­минов, М., 1974;

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …