Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияи информатсия

Назарияи информатсия

На­зарияи ахбор, як фасли кибер- нетикаро гуянд, ки ба тартиб дода­ни тавсифоти математики, баходихии методхои интикол, нигахдори, истифодабари ва таснифи информа­тсия машгул аст. Азбаски мафхуми «информатсия» ва сохахои татбики он хеле гуногунанд, Назарияи информатсия дар зинаи хозираи тараккиёташ аз мачмуи предметхои гуногуни илми иборат мебошад, ки дар хар яки онхо сохаи алохидаи ин мафхум омухта мешавад.

Назарияи информатсия асосан предмети математикист, вай назарияи эхртимолият, ста­тистикаи математики, алгебраи хатти, назарияи гуруххо, назарияи графхо, назарияи бозихо ва дигар сохахои математикаро истифода мебарад.

Ба Назарияи информатсияи математики америкой К. Шеннон (1948—49) асос гузоштааст. Дар ил к лш о фи он ниссаи математи- кони советй А. Н. Колмогоров ва А. Я. Хинчин, радиотехникнон сове­тй В. А. Котелников, А. А. Харке- вич ва диг. низ калон аст. Мухимта- рнн кисми таркибнн Н. п. назарияи интитсоли информатсия мебошад. Пай- доиши назарияи интитсоли информа­тсия бо налли интихоб намудани суръати оптималии интиколи ин­форматсия (К. Шеннон, 1948) алокаманд аст. Дар мавриди кодонии оптимали ва декодоние, ки дар он эхтимолияти иштибохи информатсия хангоми интикол хурдтарин мебо­шад, чунин суръати оптималиро ба даст овардан мумкин аст. Суръати оптималии интикол, ки гузаронандагии канали алока ном дорад, тавассути микдори информатсия ифода мешавад. Масъалахое, ки бо усулхои оптималии нигахдории инфор­матсия алокаманд мебошанд, ба масъалахои интиколи оптималии ин­форматсия монанданд, зеро нигахдории информатсияро чун интиколи он (аммо на дар фазо, балки дар фосилаи вакт) муоина кардан мумкин аст. Дар солхои охир назарияи кодони, ки ба тартиб додани алгоритм- хои конкрети ва нисбатан соддаи кодони ва декодони машгул аст, ривоч ёфт. Мавчудияти чунин алго­ритмхо, ки аз руи имкониятхои худ ба алгоритмхои оптимали наздиканд, дар назарияи интиколи ин­форматсия исбот карда мешавад. Чихати хоси назарияи кодони он аст, ки барои тартиб додани корхои халли масъалахои конкрети на танхо аз усулхои статистики, балки аз воситахои алгебра ва методхои ки­бернетика низ истифода мебарад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …