Назарияи алгоритмхо, як фасли математикаро гуянд, ки хосиятхои умумии алгоригленоро меомузад. Ходисаное, ки боиси ба вучуд омадани мафхуми «алгоритм» гардидаанд, дар тамоми таърихи мавчудияти математика вомехуранд. Аммо худи мафхум танхо дар асри 20 пурра ташаккул ёфт ва факат солхои 20 асри 20 дар тадкикоти намояндагони интуитсионизми математики Л. Э. Я. Брауэр ва Г. Вейл мавчуи алохида гардид. (Худи истилохи «алгоритм» аз тарзи навишти номи олими маъруфи Ачам Мухаммади Хоразми баромада омадааст.) Аз соли 1936 cap карда Назарияи алгоритмхо мунтазам инкишоф ёфт. Хамон сол математики америкои А. Р. Чёрч бори нахуст мафхуми функсияи хисобиро дакик баён намуд ва аввалин мисоли функсияи гайрихисобиро нишон дод. Математикони америкои А. М. Тюринг ва Э. Л. Пост бори аввал мафхуми алгоритмхоро дар асоси мафхумхои хисобмошинхои идеализиронидашуда баён намуданд. Минбаъд дар асархояшон математикхо С. К. Клини, А. А. Марков ва дигарон Назарияи алгоритмхоро инкишоф доданд. Масалан, А. А. Марков барои аник кардани мафхуми алгоритм мафхуми алгоритми нормалиро чори намуд. Усули бештар умумии аник намудани мафхуми алгоритмро А. Н. Колмогоров пешниход кардааст. Ниг. низ Алгоритм.