Маълумоти охирин
Главная / Биология / Наврузу

Наврузу

Наврузу гули наврузи, наврузгул, гули бахор, гу­ли саврак (Juno),чинси гиёххои пиёзакбехи бисёрсолаест аз савсанихо; гули маъмули навбахор. Баландиаш 10—50 см. Баргхояш одатан досшакл буда, дар поя пай дар хам чой гирифтаанд. Баргхои кисми поёни поя нисбат ба баргхои кисми боло дароз ва барашон васеъ аст. Дар як бехи Наврузи аз 1 то 8-то гул мешукуфад. Гузааш 3-паллаи сертухм аст. Дар шароити табиии Точикистон намудхои гуногуни Наврузи аз январ то июл гул мекунанд. Дар дунё 46 намуди Наврузи (Афгонистони Шимоли, Эрон, Осиёи Хурд, Осиёи Пеш, сохилхои бахри Миёназамини Африкаи Шимоли) вучуд дошта, 31  намуди он дар ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ (асосан дар Осиёи Миёна, инчунин Казокистон, Закавказия) меруяд. Дар Помиру Олой мувофики маълумоти «Флорам РСС Точикистон» (руси, ч. 2, М.— Л., 1957) 14 намуди худруи Наврузи маълум аст. 7 намуди он (J. baldshuanica, J. bucharica, J. maracandica, J. leptorrhi- za, J. popovii, J. rosеnbachiana, J. tadshikorum) растанихои эндеми, яъне xocu махаланд. Ранги гули Навруз асосан зард (J. parvula, J. linifolia, J. orchioides, J. bucharica ва гайра) ва бунафш (J. roscnbachiana, J. nicolai, J.-narbutii, J. vicaria ва гайра) мешавад. Дар байни точикон аз кадимулайём намудхои гулашон зарди Наврузи бо номи «гули наврузи» ва гулашон бувафш ё бувафши сиёхтоб бо номи сихгуши (сиёвуш) машхур гаштаанд. Аз навъхои зардгули Juno махсусан Наврузии           б у х о р и (J. bucharica,) васеъ пахн шудааст. Баландиаш 10—50 см, пиёзакаш гафс (1,5— 2,5 см), баргаш досшакл (дарозиаш 5—3 см), гулаш зард (дар як бех 1—4-то). Дар давоми март—май мешукуфад. Бештар дар чангалзори гармсер (шиблак), буттазори сирак, алафзор, нишебихои регу санглохи каторкуххои Хисору Дарвоз ва мавзеъхои Точикистони Чануби (600—1800 м аз сатхи бахр) нуму мекунад. Наврузи аз пиёзак ва тухмаш зиёд ме­шавад. Пиёзаки онро тобистов ё ав- вали тирамох ба чукурии 5—8 см кучат мекунанд. Тухмашро тирамох мекоранд. Наврузии аз тухмруста баъди 4—5 сол гул мекунад. Дар шароити Душанбе март ва аввали апрел шукуфта, тухмаш охори май ё аввали июн мепазад.       .           * Наврузиро хамчун гули навбахор дар сабзамайдон ва гулгаштхо дар бай­ни дигар гулхои навбахор гурух-гурух парвардан бехтар аст. Ад.: ТСветоводство Таджикистана, Д., 1965; Алексеев Ю. В. [ва дигарон], Тра­вянистые растения ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ, т. 1, М., 1971; Справочник тсветовода, М., 1971; Декора­тивные травянистые растения для отк­рытого грунта ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ, т. 1, Л., 1977.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …