Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Навовари

Навовари

Навовари зохиршавии навигари дар фаъолияти одамон, ифодаи  кобилияти эчодии инсон дар мехнат.

Сотсиализм барои бемалол зодир намудани истеъдод ва кобилияти эчодии одамон имконият фарохам меоварад. На барои истисморгарон, балки барои худашон, барои чамъияти худ кор карданашонро фахмидани мехнаткашон,— гуфта мешавад дар Программаи КПСС,— шавку завки мехнати, навовари, ташаббуси эчоди, мусобикаи оммавии сотсиалисти ба вучуд меоварад.

Навоварии мехнати хамчун манбаи беинтихои афзун кардани махсули мехнат ва тезонидави пешрафти илмию техники ахамияти калони иктисодию ичтимои дорад. Навовари яке аз сарчашмахои мусобикаи сотсиалис­ти, муносибати коммунисти ба мехнат, баланд бардоштани дарачаи маданию техники ва ихтисоси мехнат­кашон мебошад.

Таърихи инкишофи Навовари дар саноати ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ бевосита ба пайдоиши харакати зарбдори алокаманд аст. Дар солхои панчсолаи 1-ум бригадахои ихтироъкори, техникии мустакил ба вучуд омаданд, ки максади онхо ис- техсолоти навро аз худ намуда, им­порти махсулоти саноатиро кам кар­дан ва просесса аз нав тачхизонии корхонахоро тезонидан буд. Мархалаи мухими инкишофи Навовари бо номи А. Стаханов алокаманд аст. Харакати странови (1935) дар ташкили нави мехнат, такмили просессхои технологи, таксими дурусти мехнат дар истехсолот, озод кардани коргарони касби аз корхои гайриасоси ва ташкили дурусти чой кор зохир гардид. Навоварии сотсиалисти дар шароити хозираи револютсияи илмию техники, ки дар кувват додани кобилияти эчодкории мехнаткашон таъсири калон дорад, ривоч меёбад.

Солхои 60—70 ташаббуси Навовари характери коллективи гирифта буд. Ташаббуси мошинсозони Саратов бе нуксон истехсол кардани махсулот (1963), коргарони Свердловску Ри­бинск (чори намудани НОТ, 1967), коргарони заводи металлургии Сибири Гарби (пеш аз мухлат ба кор андохтани иктидорхои лоихави, 1968) ва гайра васеъ пахн шуда буд. Навоварии омма­вии техники, ихтироъкори ва такмилдихи дар саноат, хочагии кишлок, сохтмон, наклиёту хизмати маиши омили минбаъд баланд бардоштани самаранокии истехсолот гардид. Ташаббусхои эчодии мехнаткашон шаклхои нави ташкил ва инкишофи навовариро ба миён оварданд (дар корхонахо барпо намудани совети навоварон, бюродои чамъиятии конструкторию технологи ва бригадахои комплекси ва гайрахо). Дар инкишоф додани харакати Навовари Чамъияти умумииттифокии ратсионализаторону ихтироъкорон роли калан бозида ис­тодааст. Инкишоф додана Навовари, эчодиёти техникии оммавии мехнаткашон вазифаи мухими органхои хочаги ва ташкилотхои касабавию комсомоли мебошад. Дар инкишофи Навовари кори ташкили ва идеологии КПСС ахамияти халкунанда дорад. Партия мунтазам оммаро ба амалиёти фаъолона сафарбар мекунад, дар коллектив барои эчодкори шароит мухайё ме­намояд, ба мукобили консерватизм ва касоди мубориза мебарад.

Навовари шакли мукаммали харакати зарбдорию стаханови ва тазохуроти рушду камоли шахс мебошад, ки намояндагони он дар РСС Точикистон низ хастанд. С. Бокиева, К. Асадова, М. Демко, А. Шилников, М. Дадобоева барин садхо навоварон ва пешсафони мусобикаи сотсиалисти анъанаи навоварони плани панксолаи 1-ум Никита Изотов, Алексей Стаханов, Пётр Кривонос, Макар Мазай, Паша Ангелина ва Мария Демченкоро давом дода, пешсафи мусобикахои сотсиалисти шуда мехнат мекунанд.

Ад.: Материалы 26 съезда КПСС, М., 1981: Новаторы, М., 1972; Сотсиалистическое соревнование в промышленности ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ, м.. 1973.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.