Маълумоти охирин

Навои

Навои (то 1958 — посёлкаи Кар­мина), шахри навбунёд, маркази вилояти Навоии РСС Узбекистон 8 км дуртар аз стансияи рохи охан Навои ва 100 км шимолу шарктари. Бухоро, дар водии дарёи  Зарафшон вокеъ гаштааст. Ахолиаш 98,3 хазор нафар (1982).

Навои шахри ободу зебо, яке аз марказхои калони саноати электроэнер­гетика ва химияи Осиёи Миёба мебошад. Дар Навои соли 1963 ГРЭС сохта шуд, ки он бо гази Бухоро кор ме­кунад. Дар Навои Иттиходияи истехсолии «Навоиазот» (нурихои минера­ли, аммиак, нахи сунъи), комбинати металлургияи кухи, комбинати хонасозии калонпанел, заводхои маснуоти охану бетони, асфалту бетон, комбинати орд, заводхои нон, шир, заводхои пахтатозакуни, фабрикаи паррандапарвари мавчуданд. Соли 1980 заводи электрохимияви (воситахои химиявии мухофизати растанихо) ва калонтарин дар рес­публика заводи семент ба кор даромад. Факултети умумитехникии шабонаи Институти политехникии Тошкент, 10 мактаби миёна, касри маданият, 6 кинотеатр, 20 китобхона кор мекунанд.

Шахр солхои 60 дар асоси плани ягонаи генерали сохта шуда, хангоми сохтмон иклими гарм ва анъанахои милли ба назар гирифта шуда­анд. Муаллифони плани генерали  А. В. Коротков, В. Н. Иванов, И. Б. Орлов, Н. И. Симонов, Г. П. Сморо­дин сазовори Мукофоти давлатии ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ гардиданд (1969). Шахр ба кабудизор табдил дода шудааст, дар он фавворахою хавзхои об хеле бисёранд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …