Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Навои Низомуддин Алишер

Навои Низомуддин Алишер

Низомуддин Алишер (9. 2. 1441, Хирот — 3. 1. 1501, хамон чо), шоир ва мутафаккир, асосгузори адабиёти классикии узбек, ходими давлати. Падари Н. Гиёсуддини Кичкина аз амалдорони хонадони Темуриён буд. У чун хаводори шеъру шоири дар хонааш бо адибони давр сухбатхо меорост. Навои аз овони кудаки ба шеъру шоири шавку хаваси зибде зохир намуд ва дар 15- солагиаш хамчун шоири зуллисонайн, ки ба забонхои узбекии ка­дим— туркии чигатой бо тахаллуси «Навои» ва форси-точики бо тахалуси «Фони» эчод мекард, машхур гашт. Навои дар Хирот, Машхад ва Са­марканд тахсили илм кардааст. Соли 1469 Навои мухрдори хукмрони Хуросон Хусайни Бойкаро таъин гардид ва баъдтар (1472) Вазифаи вазир ва унвони амирро сохиб шуд. Навои чун арбоби давлати барои ободонии мамлакат, сохтмони мадрасахо, шифохонахо кушиши зиёд менамуд, ба олимон, рассомон, мутрибон, шоирону хушнависон доимо дасти ёри дароз мекард. Якчоя бо устодаш Абдутрахмони Чоми ба хаёти илми, адаби ва мадании давр сарвари мекард. Солхои 1447—1449 Навои дар яке аз нохияхои дурдаст Астаробод хоким таъ­ин шуд, вале баъд аз ду сол ба ХИрот баргашта аз корХои давлати даст кашид ва то охири умр ба кори эчоди машгул гардид. Навои мероси адабию илмии фаровон, зиёда аз 30 мачмуаи шеърхо, достонхо, асархои насри ва рисолахои илми боки гу- зоштааст. Солхои 1492—1499 Навои аксари ашъори узбекиашро бо унвони «Ха- зоин-ул-маони» дар чахор девон чамъ намуд, ки онхо ба чор давраи умри шоир мутобикат доранд: «Гароиб-ус-сигар», «Наводир-уш- шубоб», «Бадоеъ-ул-васат», «Фавоид-ул- кибар». Мачмуаи мазкур бо номи «Чахор девон» низ маъруф аст. Дар ин девонхо зиёда аз 3130 газал ва шеърхои гуногунжанри лирики чой доранд. «Чахор девон» дар инкишо­фи назми узбек мавкеи баланде ишгол мекунад. Навои дар як китъа чунин мегуяд: – Маънии ширину рангинам ба турки бехад аст, Форси хам лаълу дуррхои симин чун бингари, Гуиё дар расти бозори сухан бикшодаам, Як тараф дукони каннодию як су заргари. Навои девони дигаре дорад, ки бо но­ми «Девони Фони» машхур аст. «Де­вони Фони» аз 12 хазор мисраъ ибо­рат буда, дар он ащъори форси-точикии шоир чамъовари шудаанд. Дар ин девон газалхои мухтараъ ва чавобия ба Саъди, Хисрави Дехлави, Хофиз, Чоми ва дигарон бисёранд: Татаббуъ кардани Фони дар ашъор, На аз даъвию не аз худнамоист. Чу арбоби сухан сохибдилонанд, Муродаш аа дари дилхо гадоист. Навои дар мактаби эчодии адабиёти классикии халкхои Шарк, махсусан, форс-точик тарбия ёфта, хамчун шо­ир ташаккул ёфтааст. Дар ашъори Навои гояхои инсондусти, адолатхохи, накуи ва накукори чои асосиро ишгол менамоянд. Навои ба забони форси- точики як силсила касидахо офаридааст, ки бо унвонхои «Ситтаи зарурия» ва «Фусули арбаа» маълуманд. Касидаи «Тухфат-ул-афкор», ки ба силсилаи «Ситтаи зарурия» дохил аст, соли 1476 чавобан ба «Луччат-ул-асрор»-и Чоми ва «Дарёи аброр»-и Хисрави Дехлави навишта шудааст. Касидахои «Фусули арбаа» чахор фасли табиатро инъикос мекунанд. Махорати Навои дар офаридани «Хам­са» низ чолиби диккат аст. Садриддин Айни  «Хамса»-и Навоиро «яке аз бехтарин намунахои адабиёти классикии Шарх» номидааст. Ин асари Навои чун натичаи конунии инкишофи назми эпикии Шарк ва хусусиятхои бехтарини анъанаи хамосасарои солхои 1483— 1485 эчод гардида буд. «Хамса» аз чунин достонхо ташкил ёфтааст: 1) «Хайрат-ул-аброр», 2) «Фарход ва Ширин», 3) «Лаили ва Мачнун», 4) «Сабъаи сайёр», 5) «Садди исканда­ри». «Кайрат-ул-аброр» аз 64 боб (кисми асосиаш 20 макола) иборат буда, аз масъалахои ичтимои, сиёси, ахлоки ва фалсафи бахс мекунад. «Фарход ва Ширин» достони ишки пахлавони махбуби халк; — Фарход ва Ширини зебост. Навои дар достон Фарход — муборизи хакикат ва адолатро аз Хусрав баландтар гузоштааст.  Чихати хуби достон он аст, ни шоир дар сурудани он аз воситахои бадеи и фолклори, аз анъанахои достонхои халки истифода бурдааст. «Лайли ва Макнун» достони машхури ишки аст, ки Навои онро бо пафоси баланди гуманисти эчод кардааст. Достони Навои ба адабиётхои гуногуни Шарк ва фолклори узбек таъсири зиёде расондааст. «Сабъаи сайёр» дар силсилаи бахромноманависи як вокеаи тоза буд. Дар достон тасвири Бахроми ба айшу нуш додашуда ва окибати фочиаанчоми у ибратангез тасвир шудааст. Тавассути хикоятхое, ки аз забони мусофирон оварда шудаанд, идеалхои Навои тасдик ва ташвик мешаванд. Дар достони охирини «Хамса»-и Навои кахрамони асоси шохи идеали — Искандар буда, чанбаи фалсафию ичтимоии он хеле пуркувват аст. Асархои дигараш аз кабили «Таърихи мулуки Ачам», «Холоти Пахлавон Мухаммад», «Холоти Хасани Ардашер», «Вакфия», «Муншаот» ва гайра низ ба калами Навои тааллук доранд. «Хамсат-ул-мутахайирин» ба Чоми бахшида шудааст ва барои омухтани равобити адабии халкхои точи­ку узбек як манбаи хубест. «Насо- им-ул-мухаббат», ки тарчумаи озоди «Нафахот-ул-унс»-и Чомист, муносибати Навоиро нисбат ба устодаш боз хам равшавтар мекунад. Дар омузиши таърихи адабиёти узбеку форс- точик ва робитаи онхо «Мачолис-ун- вафоис» (1491—1498) аввалин тазкираи узбекист, ки дар бораи 459 адиб маълумот медихад, «Таърихи анбиё ва хукамо», ки дар бораи шахсони ривоятиву таърихии Осиёи Миёна ва Эрон, асотири зардушти, юнони ва исломи бахс менамояд, аха­мияти зиёде доранд. Дар рисолаи «Мизон-ул-авзон» масъалахои мухими назарияи адабиёт, махсусан вазни аруз дар назми узбеки мавриди тадкик карор гирифтаанд. Навои дар ин асар чанд вазни тозаро, ки донишмандони асри 15 ихтироъ кардаанд, махсусан таъкид намудааст. Навои чун олими забоншивос «Мухокимат-ул- лугатайв» ном асар офаридааст, ки дар он забони узбеки ва форси- точики ба тарзи киёси тахкик шуда­анд. Навои дар охири хаёти худ досто­ни тамсилии «Лисон-ут-тайр» (1499) ва рисолаи ичтимоию ахлокии «Махбуб-ул-кулуб»-ро (1500) навишт. Дар «Махбуб-ул-кулуб» Навои анъанаи «Гулистон»-и Саъди ва «Бахористон»-и Чомиро ба тарзи хос идома додааст. Дар асар акидахои ичтимои, сиёси ва фалсафии Навои чамъбаст шудаанд. Навои дар инкишофи адабиё­ти узбек ва адабиёти халкхои туркзабон:. уйгурхо, озарихо, туркманхо, туркхо, казокхо, тоторхо ва дигархо таъсири зиёде расондааст. «Навоии бузурги халки узбекро… Октябр ба чахон шиносонд» (С. Ай­ни). Эчодиёти Навои аз асри 15 то рузхои мо диккати адабиётшиносон, шарк- шиносонро чалб намудааст. Дар навоишиоси хизмати В. В. Бартолд, Е. Бертелс, С. Айни, Н. Конрад, А. Болдирев, К. Боровков, И. Брагин­ский, В. Абдуллоев, В; Зохидов, Н. Маллаев, А. Мирзоев, Х. Сулаймонов, О. Шарофиддинов, А. Хайитметов, А. Каюмов, Р. Ходизода, С. Эр­кинов, С. Ганиева, А. Абдугафуров, П. Шамсиев ва дигарон хеле калон аст. Хусусан дар омузиши Навои хидматхои устод Айни ба назар намоёнанд. Аввалин маколахои С. Айни дар бораи Навои охири солхои 30 таълиф шудаанд. У оид ба замони зиндаги, тарчумаи хол, фаъолияти сиёсию чамъияти ва эчодиёти адиб бо унвони «Алишери Навои» монографияе навишт, ки бо мунтахаби ашъори точикии Навои ба табъ расид. Солхои 1948 ва 1968 чашнхои 500 ва 525- солагии Навои  кайд шуд. Асархои Навои борхо ба забонхои гуногун, аз чумла, ба точики тарчума ва нашр гардидаанд. Номи Навои ба куча, мактаб, колхоз, район, шахр, уни­верситет, китобхонахо, музей ва театрхо гузошта шудааст. Дар асоси асархои Навои опера ва драмахо ба майдон омад, нависандагони совети — Ойбек, Уйгун, И. Султон, Б. Вадетский, Л. Бат, Миркарим Осим дар бораи Навои  роман, повест, драма, дос­тон ва хикояхо офаридаанд. Драмахои мусикии узбекии «Лайливу Мачнун», «Фарход ва Ширин», ки дар асоси достонхои Навои тахия шудаанд ва драмаи таърихии «Али­шер Навои»-и Уйгун ва Иззат Сул­тон, ки ба хаёт ва фаъолияти доманадори Навои бахшида шудааст, дар театрхои точик намоиш дода мешаванд. Дар байни халкхои точик, узбек, туркман, афгон оид ба Навои ривоят ва хикоятхои дилнишин вучуд доранд. Хаёт ва эчодиёти шоир дар мактабхои миёна ва оли, аз чумла, мактабхои точики омухта мешавад. Ос.: Ас. 1—15 т., Тошкент, 1903—68; Хамса. Кискартиб нашрга тайёрловчи С. Айни, Тошкент, 1948; Фарход ва Ши­рин. Аз узбеки тарч. М. Аминзода. Ста­лин обод, 1948; Хамсат-ул-мутахайирин, аз узбеки тарч. А. Маниёзов, Д., 1901. Ад.: .Айни С., Алишер Навои, Сталинобол, 1948; Бертелс Е. Э., На­вои. Опыт творческой биографии. М.— Л., 1948; хамон м у а л л., Навои и Джами, М., 1905: Мирзоев А., Фони ва Хофиз, Д., 1900; хамон м у а л л., Алишер Навои ва Абдурахмони Чоми, Д., 1908; Хайитметов А., Творчес­кий метод Алишера Навои, Ташкент, 1905; Захидов В., Мир идей и обра­зов Алишера Навои, Ташкент, 1961; С в и д и н а Е. Д., Алишер Навои. Биб­лиография (1917—1906), Ташкент, 1908.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …