Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Навъсанчи

Навъсанчи

Навъсанчи тадкик, баходихи ба навъу дурагахои зироати хочагии кишлок (бо мукоисаи навъхои стандарти) ва муайян намудани кобили парваришии онхо дар шароити истехсоли. Дар ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ Навъсанчии стансиони ва давла­ти гузаронида мешавад. Хангоми Навъсанчии стаисиони навъро дар замини муассисае, ки онро ба даст овардааст, 2—3 сол меомузанд ва дар як вакт дар колхоз ё совхоз (1—2 сол) аз санчиши истехсоли мегу­заронанд. Бехтарин навъхое, кя аз санчиши стаисиони гузаштаанд, инчунин навъхои селексияи хоричи дар майдонхои навъсанчии Комиссияи давлати оид ба навъсанчии зи­роати хочагии кишлоки назди ВХК ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ аз Навъсанчии давлати (конкурси ва ва­сеъ) мегузаранд. Хангоми конкурси Навъсанчи хосилноки, давомнокии давраи нашви навъу дурагахо, тобоварии онхо ба хунуки, хушки, касалию ха­шароти зараррасон, эхтиёчи онхо ба пору, об, мувофикии онхо ба гунучини механиконида ва гайра мукоиса карда мешаванд. Вазифаи Навъсанчии ва­сеъ — интихоби навъхо ва дурагахои бехтарин барои Навъсанчии конкурсии вилоятхои дигар. Навъхои бехтарин аз Навъсанчии истехсоли (дар майдонхои колхозхо ва савхозхо) мегузаранд. Ба сифати хосил (масалан, микдори сафеда, равган, канд, сернахи) Лабораторияи марказии Комиссияи давлати оид ба навъсанчи, лабораторияхои байнивилояти, муассисахои тадкикоти илми ва гайра бахо медиханд. Барои Навъсанчии давлати ба хар як зироат методикаи ягона тартиб дода шудааст.

Дар ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ (РСФСР, РССУ) Навъсанчии давлати солхои 1923—1924 огоз ёфт. То соли 1931 шабакаи Навъсанчи ба шимол (7 майдони навъ) ва чануб (17) таксим мешуд. Соли 1933 346 майдони Навъсанчи буд, ки дар онхо зиёда аз 1700 навъи 116 зироат аз санчиш гузаштааст. Соли 1976 майдони Навъсанчи зиёда аз 1500 буда, кариб 11500 навъи растани санчида шудааст. Дар асоси нишондодхои Навъсанчии давлати хар сол ба чои навъхо ва дурагахои кухна, ки ба талаботи амали чавоб дода наметавонанд, навъу дурагахои серхосил ва ба шароити махал мувофикро чори мекунанд. Ниг. ниг Селексия, Тухмипарвари.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …