Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Навъии Хабушони

Навъии Хабушони

Навъии Хабушони  Мулло Мухаммадризо (1562/1563, шахри Хабушони Хуросон —1610/1611, шахри Бурхонпур), шоири эрони. Аз оилаи савдогар (баъдтар шайхи бузург). Дар чавони бо падараш ба Кошон сафар карда, шогирди Мавлоно Музрташами Кошонй мешавад. Сипае хамрохи падар Хиндустонро саёхат кар­да, муддате дар Гучарот муким мегардад. Баъди баргаштан ба ватан дар Машхад умр ба cap бурда, пас аз вафоти падар дубора ба Хиндустон меравад. Охири умрашро шоир дар хизмати Мирзо Абдуррахими Хо­ни Хонон гузаронид. Аз Навъи Хабушони ба гайр аз девони ашъор «Сокинома» ва маснавии «Сузу гудоз» (дар бораи худро сузоидани занони хинду пас аз вафоти шавхар) боки мондааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …