Нард боали маъруфи кадими, аэ ихтирооти халкхои эронинажод; тахтаест (такрибан 64x 66 см) мунаккаш, ки сатхи онро ба ду сафхаи мушобехи хам таксим кардаанд ва дар руи хар яки он ду сафха 6 хона дар тарафи рост ва 6 хона дар тарафи чап карор дода, бо ду тос, (каъб, шашхол хам мегуянд) ва 30 мухра (15 мухра ба ях ранг ва 15 ба ранги дигар) дар руи он сафха мебозанд. Оид ба пайдоиши Наргис фикрхои мухтлиф хаст. Дар аксари маъхазхо, аз чумла дар «Шохнома»-и Фирдавси омадаст, ки Наргисро Бузарчмехр (Бу- зургмехр) дар мукобили шатранч ихтироъ кардааст. Баъзехо мегуянд, ки Наргис кадими буда, ду тос доштааст ва Бузургмехр ду тоси дигар изофа намудааст.
Дар маъхавхои дигар гуфта мешавад, ки Наргис аз номи Ардашери Бобакон (180—241) омадааст ва дар ибтидо онро анардашер, нардшер, навардшер мегуфтанд. Наргис аслан аз Осиёи Миёна ба дигар кишвархо пахн шудааст. Хафт навъи бози вучуд дорад: 1) «таъбияи аввал», 2) «таъбияи сонй*, 3) «тавил», 4) «мухрабанд*, 5) «масоф», 6) «хисор» ва 7) «мансуба», ки тартибу коидаи хар кадоме гуногун аст. Аз инхо факат 3—4 навъи бози то замони мо омада расидааст; масалан,«таъбияи аввал», ки бозии кутох ё мухтасар хам меноманд, бештар дар Эрон, мамлакатхои араб ва Европа шухрат дорад ва дар он мухрахо дар 8 бахр чида мешаванд. «Таъбияи сони» айни худи хамон бозии аввал аст, аммо ба чои 2 тос бо 3 тос мебозиданд. «Тавил», ки онро бозии дароз хам мегуянд, бештар дар Осиёи Миёна, Кавказ ва Туркия шухрат дорад ва дар он мухрахо дар ду бахр (15 мухра дар дар бахр) чида мешававд. Бозии «Мухрабанд» айни худи хамон бозии «тавил» аст, аммо агар мухраи хариф танхо бошад, ба руи он мухраи мукобил нишаста, онро асир мекунад ва муддате аз харакат бозмедорад.
Нард дар Европа бо номхои дигар маълум аст. Масалан, Ч. Диккенс ва Ч. Голсуорсн дар асархои худ бозии Нардро ба номи «трик-трак» овардаанд. Руминдо низ «трик-трак», юнонихо «тавлей», немисхо ва венгерхо «пуфф» меноманд. Сарфи навар аз гуногуни ном тарз ва мазмуни бози як хел аст, яъне аввал мухрахо дар лашкаргох дар чанд бахр чида мешаванд, харифон ба навбат тосхоро ба руи тахта мепар- тоянд, чанд хол, ки барояд, мутобики он мухрахоро зина ба зина гирдогирди хамаи сафхаро тай карда, ба чониби марра (ё хонаи худ) харакат медиханд ва дар айни замон мухрахоро дар он дар чо (ё гоххо) мегузоранд, ки харакати минбаъдаи мухрахои худ то хадди имкон осон ва харакати мухрахои хариф душвор ва хатто номумкин гардад.
Хар мухра факат дар гоххои холи ё гоххое, ки мухраи худ карор гирифтааст, бозистода метавонад. Хар навбати бозиро зарб, холатеро, ки мухрахои хариф ба марра гуаашта наметавонад, шашдар (ё мушашдар) меноманд. Хар кас, ки мухрахои худро пештар аз сафха берун бароварда, маррахоро холи кунад, у голиб хисоб меёбад. Аммо агар касе маррагохро холи кунаду то ин вакт хариф хеч мухрае берун карда натавониста бошад, малс (ё марс) меноманд, ки ба ду бурд баробар аст.