Г а л и т, 1) минероали галит, аз руи таркиби химияви хлориди натрий NaCl (Na —39,34%, Cl — 60,66%). Системаи кристаллбандиаш куби. Дар табиат ба шакли агрегатхои кристаллии донадор вомехурад. Галити холис берангу шаффоф аст, аммо аз сабаби бо гил, моддахои органики, оксидхои охан ва гайра омехта буданаш аксар бур, сурх ва гулобиранг мешавад. Сахтиаш 2; зичиаш 2173 кг/м3. Дар об нагз хал мегардад. Намаксанги дар хаpopати 772° С гудохташуда кобилияти баланди электргузарони дорад. Намаксанг бофтахои органикиро аз пусидашави нигох медорад.
2) Чинси куххи тахшинист, ки кисми таркиби он ё тамоми онро галит ташкил медихад. Намаксанги тоза то 90% ва зиёдтар галит дорад. Омехтахояш асосан аз гил ва баъзан аз реги махиндона иборатанд. Кисми зиёди хлориди натрии табиат дар таркиби оби бахру укёнусхо дар холати махлул мебошад. Захирахои калони Намакганг асосан дар натичам просессхои экзогени дар хавзахои оби иклими ариди хангоми босуръат бухоршавии оби онхо пайдо мешаванд (ниг. низ Намакхои табии). Намаксанг дар байни чинсхои тахшини дар шакли кабатхои гафс ба даххо км2 пахн мешавад, дар чои дигар магзи структурахои гунбазшакли чинсхои тахшиниро пур мекунад. Инчунин дар шакли линза ва кабатхои тунук вомехурад. Намаксакро дар хочагии халк васеъ истифода мебаранд (ниг. Намаки ош). Тахнишастхои кариб хамаи даврахои геологи Намаксанг доранд. Конхои калонтарини он дар Белоруссия, Украина, Урал, назди Каспий, Осиёи Миёна ва дигар чойхо мавчуданд. Точикистон дорои захираи нихоят калони Намаксанг аст.