Налский Яков Исаакович (таваллудаш 23. 08. 1913, дехаи Хлестановшина, вилояти Иркутск), фолклоршинос ва журналисти совети.
Аъзои КПСС аз соли 1957. Соли 1949 Институти давлатии педагогии Душанберо хатм кард. Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани (1941-1945). Дар газетаи «Коммунист Таджикистана» вазифахои гуногунро ичро кардааст. Аз соли 1958 мухбири ТочикТА. Афсонахои халкии точикро чамъ оварда, ба шак- ли китобчахои алохида барои нашр хозир намуд (1941, 1950, 1951). Муаллифи рисолаи «Шоири халки» (1956, дар бораи Бобоюнус Худойдодзода), повести хуччатии «Инженер» (I960), китоби «Хикояхо дар бораи Точикистон» (1968), повести хуччатии «Дар куххои Бухорои Шарки» (кит. якум, 1974, кит. дуюм 1977; аз руи ин асар филми телевизиони «Хонадонатон дар амон бод» тахия гардида, соли 1982 намоиш дода шуд) ва повести «Киссаи водии чануби» (1981) мебошад. Якчанд очеркхояш дар шакли китоби алохида ва дар мачмуахо ба табъ расидаанд. Аз соли 1958 узви ИН ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ. Бо ордени Ситораи Сурх ва медалхо, Грамотахои Фахрии Президиуми Совети Олин РСС Точикистон мукофотонида шудааст.