Маълумоти охирин
Главная / Биология / Найшакар

Найшакар

Найшакар (Saccharum), чинси растанихои бисёрсолаи канддорест аз оилаи хушаихо. Пояаш рости ба­ланд (то 6 м). Тугаш ва шохчахояш банддор, хушачахо­яш бо муякхои дароз ва гулхои дучинса фаро гирифта шудааст. 5 на- муди Найшакар маълум аст: Найшакари асил (S. officinarum, ниг. расм) дар мамлакатхои тропики парвариш мешавад; Найшакари б а р б е р и (S. barberi) намуди вамзироативу полиморфи, дар нохияхои субтропикии Хиндустон басёр аст; най ё Найшакар худруй ва полиморфи, дар чанубу шаркии Осиё, Хиндустон, Афракаи Шимоли, Осиёи Миёна (дар сохилхои пасти дарёхои Сир, Аму ва гайра) масохати васеъро фаро гирафтааст; Найшакари х и т о и (S. sinense) дар Хиндустони Шимоли, Хитои Чануби, Япония киштукор мешавад; ш о х н а й (S. robustum) намуди худруе, ки дар Гвинеяи Нав месабзад.

Найшакарро аз каламча зиёд мекунанд. Дар плантатсияхои Найшакар соле 3—5 маротиба хосил мегундоранд, ки хучайрахои паренхимии пояи он то 20% (Найшакари худруй 2—10%) канд до­рад. Аз шираи он ром тайёр меку- нанд. Партонхояшро дар сохтмон ва чун сузишвори ба кор мебаранд. Осиёи Чанубу Шаркиро ватани Найшакар мешуморанд. Найшакарро дар Хиндустон 3 хазор сол пеш аз мелод кишт мекарданд. Дар асри 6 Найшакар дар мамлакатхои Шарки Наздик, бахри Миёназамин ва Хитой парвариш мешуд. Найшакарро дар асри 15 ба чазхои Азору Канар ва дертар аз Ис­пания ба Кубаю Мексика оварданд. Хосилнокии маёнаи пояи Найшакар 400— 500 сентнер/га (дар участкахои такрибави то 2000 сентнер/га) мебошад.

Дар ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ Найшакар чун зироати яксола дар водии Вахши РСС Точикистон ва вилояти урхавдарёи РСС Узбекистон парвариш карда мешавад. Моххои феврал— март Найшакарро ба чуякхо шинонида, мохи октябр (450—500 то 800 сентнер/га) мегундоранд. Кандинокии пояи Найшакар 8—10% аст. Найшакар барои истехсоли ром истифода ме­шавад.

Ад.: П о л я р у ш Е. И., Сахарный тростник и его култура на юге СреднеП Азии, Сталинабад, 1959; Устименно Г. В., В е л ю ч е н к о И. С., Тропичес­кие пропашные културы, М., 1906; Ж у- к о в с к и п П. М., Културные растения н их сородичи, Л.. 1971.

 

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …