Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Найроби

Найроби

Найроби (Nairobi), пойтахти Кения. 140 км шимолтар аз экватор, дар балавдии 1700 м вокеъ гаштааст. Икламаш экватори, муссони, харорати миёнаи июл 15° С, март 18,7°С. Боришоти солона 932 мм. Ахолиаш (бо атроф 835 хазор нафар (1979). Узе­ла рохи охан ва роххои автомобилгард. Аэропорташ (Эмбакаси) дорои ахамаяти байналхалкист. Маркази калонтарини савдо ва саноати Кения. Дар Найроби корхонахои саноати хуроквори, бофавдаги, чарму пойафзол, хи­мия (аз чумла истехсоли шинаи автомобилхо) коркарди металл, семент ва устохонахои рохи охан мавчуданд. Музеи милли, Театри милли, Китобхонаи халки, стансияи радио ва маркази телевизион дорад. 5 км чануб- тар аз Найроби боги миллии Найроби вокест.

Шахр соли 1899 ба муносибати сохтмони рохи охан Момбаса — Кисуму бунёд ёфтааст. Баъдтар маркази маъмурии мустамлакаи Англия дар Кения буд. Аз 12 дек.абри 1963 — пойтахти Кенияи мустакил ва аз 12 декабри 1964  – пойтахти республикаи Кения.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …