Маълумоти охирин
Главная / Биология / Мурги Титав

Мурги Титав

ТИТАВ, мурги титав, мурги дашти (lururus), як навъ мурги шикоршавандаро гуянд. Ду намуди с маълум аст. Титавии мукаррари (L. tetrus) дар минтакахои бешаву бешадашти Европа ва Осиё бисёр аст. Титави нарина сиёхи кабуду сабзтоб буда, дар болаш холхои сафеди чилодор хаст; пари думаш качи лирашакл. Дарозии танааш 53—57 см. Вазнаш 1,2—1,8 кг. Модинааш хурд- чусса, сурхчаи чипор. Титави мукаррари дар бешахои омехтаю пахнбарг ва маргзор маскун аст.

murghi-titav

Дар замин лона месозад ва 4—14-то тухм мегузорад. Тухмро модинааш пахш мекунад ва баъди 19—25 руз чуча мебарояд. Хурокаш гул, мугча ва навдаю меваи дарахтон. Зимистон галаи Титавхо куч мекунанд. Титав ахамияти саноати дорад. Титав кавкази (L. mlocosiewisri) факат дар Кавказ маскун шудааст. Титави нарина сиёх, пари думаш ба ду тараф тоб хурдааст. Титави наринаю модинаи яксола чипор мешаванд. Дар минтакаи субалнии бешазор маскун аст. Саршумори Титав дар хама чо кам шудааст. Аз ин ру шикори он манъ аст.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …