МАЙЕРОВА (Majorova) Мария (1. 2. 1882, Ували, назди Прага —16. 1. 1967, Прага), нависандаи чех. Нависандаи Халкии Чехословакия (1947). Аъзои Партияи Коммунистии Чехословакия аз соли 1921. Аввалин асархои Майерова (романи «Духтари», 1907; мачмуаи хикояхо) пур аз эътироз нисбат ба сохти капиталисти мебошанд. Дар романи «Майдони Республика» (1914) вазъияти тезутунди Аврупои пас аз Револютсияи солхои 1905—07 рус, дар романи «Бехтарин аз чахонхо» (1923) образи кахрамонзане, ки аз чахони майдабуржуази дур гардида, ба революция рох ёфтааст, тасвир шудааст.
Пас аз навиштани романи тахайюлии «Сарбанд» (1932) Майерова кори бисёрсолаи худро дар таълифи «Ожир» (1935) — эпопеяе дар бораи харакати коргари дар Чехия аз миёнахои асри 19 то револютсияи Кабири Социлисти Октябрь анчом дод. Романи Майерова «Балладаи шахтёри» (1938) тадкикоти бадеии такдири фочиавии оилаи пролетарист. Пас аз озод шудани Чехословакия аз фашизм Майерова дар сохтмони социалисти ва мадании ватаиаш фаъолона иштирок кард.
Мачмуаи повестхо ва хикояхо, китобхои очеркхо («Рохи раъду барк», 1951; «Гарби вахши», 1954) пешрафти маънавии одами навро инъикос мекунанд. Очеркхои ба СССР бахшидаи Майерова дар китоби «Пешравии пуршукух» (1953) чамъбаст шудаанд. Майерова яке аэ асосгузорони адабиёти реализми социалистии чех мебошад. У хамчун нависандаи бачахо (мачмуаи хикояхои «Лахзаи ачоиб», 1923; «Бруно», 1930; «Робинзонка», 1940) низ маълум аст. Лауреати Мукофоти давлатии ба номи К. Готвальд (1955).
Ое.: Площадь Республики — Лучший из миров. М., 1970.
Ад.: М. Майерова. Библиблиографический указатель, М., 1962.