ШАМСОБОД, махаллае дар Бухоро, ки нимаи дуюми а. 11 амири Карохони Шамсулмулк ибни Иброхими Тагмачи бино карда буд. Дарозии махаллаи Шамсобод ним фарсанг буда, касрхои бохашамат, бустонхои зиёд дошт ва яке аз чойхои зеботарини шахр ба шумор мерафт. Шамсобод бо девор ихота шуда, дарвоза доштааст. Дар пахлуяш барои нигохдории хайвонот, паррандахо чои махсус мавчуд буд, ки онро «гурук» меномиданд. Шамсобод дар замони бародари Шамсулмулк ободтар гардида, дар давраи писари у Ахмадхон хароб шудааст. Ю. Ёкубов.