МУЗОКИРАИ СУДИ, кисми мустакили мурофиаи суди буда, иштирокчиёни он натичаи аз тарафи суд тафтишшудаи корро чамъбаст намуда, оид ба халли он изхори акида менамоянд. Дар мурофиаи чиноятии совети Музокираи суди баромади айбдоркунандагоп (нигаред Айбдоркуни), даъвогари граждани, чавобгари граждани ё намояндаи онхо, химоякунанда, химоякунандаи чамъияти ё судшаванда (ба шарте, ки химоячи дар мачлис иштирок накунад) бо чабрдида (ё намояндаи у)-ро дар бар мегирад (моддаи 298 КМЧ. РСС Точ-)- Вакти Музокираи суди махдуд нест, вале раисикунанда хак дорад, ки шахсони аз доираи масъалахои Музокираи суди берун гап занандаро аз сухан боздорад. Иштирокчиёни Музокираи суди баъди баромадхояшон музокираи иловаги карда метавонанд, Дар мурофиаи граждании Музокираи суди даъвогар, чавобгар, намояндагони онхо ва шахси сеюм баромад мекунанд. Прокурор дар Музокираи суди танхо хамон вакт иштирок мекунад, ки агар оид ба корхои граждани масъаларо бевосята худаш cap карда бошад.
Инчунин кобед
“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”
“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …