«МУЗОКИР-УЛ-АСХОБ» тазкира, таълифи Мухаммадбадеь Малехои Самарканди. Дар байни солхои 1688—92 навишта шудаасг. Дар мукаддимаи баъзе аз нусхахои «Музокир-ул-асхоб» муаллиф кайд кардааст, ки асарро то соли 1700 такмил ва тасхеху тахрир намудааст. Дар « Музокир-ул-асхоб » оид ба 203 шоири Хуросон, Мовароуннахр ва Эрони Гарби маълумот дода шудааст. Дар огози « Музокир-ул-асхоб » номгуи шоироне омадааст, ки шархи холашон дар асар сабт гардидааст. « Музокир-ул-асхоб » аз ду кисм (асоси ва иловаги) иборат аст. Кисми асоси шархи хол ва намунаи ашъори 166 ва кисми иловаги 37 шоирро дар бар мегирад. Тазкираи Малехо аз чихати тарзи маълумотдихи аз бисёр тазкираву манбаъхои адаби фарк мекунад. Малехо аз зиндаги, тарчумаи хол, касбу кор, обру ва эътибори шоирон, муносибатхои байниякдигарии онон, сохибдевон будан ё набуданашон ва гайра то хадди имкон пурра ва мукаммал маълумот дода. аз ашъорашон намуна овардааст. Малехо, ки худ аз доираи хунармандон буд, бештар ба эчодиёти адибони ин доира диккат додааст. Маълумоти « Музокир-ул-асхоб» нисбат ба тазкирахои дигар эътимоднок мебошанд. Муаллиф асосан оид ба он шоироне маълумот додааст, ки бо онхо хамсухбат шудааст. Инчунин барои чамъоварии санаду маълумот ба якчанд шахру кишвархои Мовароуннахру Хуросон ва Эрони Faрби сафар кардааст. Ба хамин тарик, « Музокир-ул-асхоб» барои омухтани чараёни адабии асри 17-и Moвapoуннахру Хуросон ва давран Сафавиёни Эрон ахамияти калон дорад. «Музокир-ул-асхоб» то замони мо дар шакли дастнавис расидааст, ки 8 нусхаи он дар китобхонахои Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР мавчуд аст. Дар китобхонахон мамлакатхои хоричи нусхае аз « Музокир-ул-асхоб» пайдо нашудааст.
Адабиёт: Мирзоев А., Сайидо и его место в истории таджикской литературы, Сталинабад, 1954; X а м о н муаллиф, Боз як ахамияти мухимми тазкираи Малехо, журнали «Садом Шарк». 1961. № 7.
3. Хасанова.