Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МУЗДИ КОРИ РЕАЛИ

МУЗДИ КОРИ РЕАЛИ

realiМУЗДИ КОРИ РЕАЛИ, мачмуи ашьёи истеъмол ва хизматхоест, ки коргарон ва хизматчиён ба музди кори номиналии худ харида метавонанд. Бузургии Музди кори реали ба андозаи музди кори номинали, дарачаи нархи молхои истеъмоли, нархи хизматрасони, ичорапули, андозхо ва г. вобаста аст. Дар мамлакатхои капиталисти нарххои мол ва хизматрасони, хакки ичораи хона ва андозхо муттасил меафзоянд. Музди кори номинали низ дар зери таъсири муборизаи синфии пролетариат тагйир меёбад, вале баландшавии дарачаи музди кори номинали чои пастшавии Музди кори реалиро гирифта наметавонад, зеро нархи ашьёи истеъмол ва андозхо бенихоят босуръат баланд мешавад. Статистикаи буржуази хакикати вазъи пролетариатро дар замони капитализм руйпуш кардани мешавад. Вай музди кори миёнаи коргаронро хисоб карда, мавчудияти армияи калони бекоронро ба хисоб намегирад, баръакс, маоши хизматчиёни музди калонгиранда, маоши мудирон, директории ширкатхоро ба маблаги у мумии музди кори коргарон дохил мекунад. Дар давраи социализм Музди кори реалии коргарон ва хизматчиён дар асоси афзудани хосилнокии мехнат зиёд мешавад. Афзоиши истеъмоли мухимтарин навъхои мол ба хисоби хар нафари ахолии мамлакат ифодаи равшани зиёд шудани Музди кори реали дар СССР аст. Фондхои чамъиятии истеъмол даромади реалии мехнаткашони чамъияти социалистиро беш аз пеш меафзояд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …