МУЗДАВИЧ, муздавач (ар.—дугона, чуфт). дар илми бадеъ шеъреро меноманд, ки бинои он бар абьёти мустакили мусарраъ — хамкофия гузошта шудааст. Аммо дар миёни шоирони форс-точик ба чои ин истилох муродифи он — маснави маъмултар гардидааст ва шуарои форс-точик шеъреро, ки хар байташ дорои кофияи вохид ва мустакил бошад, ва Музахо, балки маснави гуфтаанд. Чунончи Абдуррахмони Чоми дар маснавии «Хирадномаи Искандари» гуфтааст:
Кунун кардаам пушти химмат кави,
Дихам маснавиро либоси нави.
Дар баробари шеъру киссахои хурди гуногунмазмун, ки дар девону куллиёти шоирони гузашта ба назар мерасанд, бисьёр достонхои кахрамони, таърихи, ишки, ахлокиву тарбиявии адабиёти классикии форс-точик дар шакли маснави (муздавач) навишта шудаанд.
Ад.: Атоулло Хусайни, Бадоеъ-ус-саноеъ, Д., 1974.
С. Имронов,